Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федератсиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 7 зина поин шуд ва дар ҷойи 142-юм қарор дорад.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ танҳо аз Қирғизистон пеш аст. Русия, ки миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал мебошад, мавқеашро дар мақоми 18-ум нигоҳ дошт.

Мавқеи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 42-юм (40-ум буд) Беларус. 45 (42) Укроин. 57 (56) Гурҷистон. 58 (58) Литва. 70 (70) Арманистон. 79 (79) Эстония. 83 (82) Латвия. 83 (86) Узбакистон. 85 (85) Молдова. 111 (112) Озарбойҷон. 126 (126) Қазоқистон. 138 (143) Туркманистон. 142 (135) Тоҷикистон. 179 (169) Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания дар феҳристи навини FIFA мисли пешин дар ҷои аввал аст. Ҳолланд дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Бразил, Уругвай, Инглистон, Португол, Италия, Хорватия ва Аргентина ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 23-юм қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳристи ҷаҳонӣ 16-ум), Австралия (23), Кореяи Ҷанубӣ (28), Эрон (57), Чин (73), Узбакистон (83), Қатар (90), Урдун (91), Арабистони Саудӣ (92), ва Кувайт (95).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG