Пайвандҳои дастрасӣ

Як гурӯҳи ҳуқуқи башар мегӯяд, нируҳои амниятии Сурия дар шаҳраке дар наздикии Димишқ 8 нафарро куштаанд. Гурӯҳи Нозирони ҳуқуқи башар, ки марказаш дар Британия аст, мегӯяд, ки 4 тонк ва як булдозер ба шаҳраки Канакор ҳамла бурдаанд, дар ҳоле ки 14 тонки дигар ин шаҳракро муҳосира кардаанд. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки сокинони шаҳрак талош кардаанд бо сангандозӣ ба сӯи тонкҳо ва оташ задани чархи мошинҳо дар кӯчаҳо пешравии нируҳоро боздоранд. Режими Башор Асад тазоҳуроти эътирозии мардумро саркӯб мекунад. Фаъолон мегӯянд, дар ин саркӯбиҳо 1 600 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG