Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Британия шӯришиёни Либияро ҳукумати расмӣ мешиносад


Виллям Ҳейг

Виллям Ҳейг

Имрӯз Британия ба таври расмӣ шӯришиёни Либияро, ки барои сарнагунии режими Муаммар Қаззофӣ мубориза мекунанд, ба унвони ҳукумати қонунӣ ба расмият шинохт. Виллям Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия дар ин бора дар нишасти хабарие дар Лондон гуфт:

“Нахуствазир ва ман тасмим гирифтем, ки Британия Шӯрои Миллии Гузорро дар қаламрави Либия ба унвони ҳукумати расмӣ мешиносад ва бо он кор мекунад”.

Виллям Ҳейг гуфт, ҳамаи кормандони сафорати Либияро аз Британия ихроҷ мекунанд ва ба ҷои онҳо намояндагони Шӯрои Миллии Гузорро даъват мекунанд, то ҷои онҳоро бигиранд. То ҳол Амрикову Британия ва 30 кишвари дигар Шӯрои Миллии Гузори Либияро ба унвони ҳукумати қонунии Либия ба расмият шинохтаанд.
XS
SM
MD
LG