Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 25 маҳбуси фирорӣ 1 нафар дар озодӣ буда, 8 тани онҳо кушта ва 16 нафари дигар боздошт шудаанд.

Дар ҳоле ки мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боқӣ мондани охирин маҳбуси фирорӣ дар озодӣ сӯҳбат мекунанд, ҳувияти ӯ зери суол рафтааст.

Бино ба хабари ин манобеъ, дар амалиёти нерӯҳои умури дохилӣ дар ноҳияи Тавилдара рӯзи 26-уми июл яки дигар аз маҳбусони фирорӣ кушта ва дувумӣ боздошт шудааст. Ба ин тартиб сарнавишти 24 маҳбус аз 25 нафаре, ки дар моҳи августи соли гузашта аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фирор карда буданд, рӯшан шудааст.

Ҳумайро Мирова, корманди дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, амалиёти боздошти охирин маҳбуси фирорӣ шурӯъ шудааст: «То ҳол аз 25 нафар маҳбусони фирорӣ 24 нафарашон боздошту баъзеи дигар безарар гардонда шудаанд. Акунун як нафари дигар -- Зиёев Аъзам Аҳтамович зодаи ноҳияи Панҷ, соли таваллудаш 1969, боқӣ мондааст, ки амалиёти боздошти вай идома дорад.»

Аммо хабаргузории “Азия-Плюс” менависад, сухан аз шахси дигар, шаҳрвандаи 28-солаи Узбакистон Ҳамидулло Юлдошев аст, ки ҳанӯз дар озодӣ ба сар мебарад. Вале раиси ситоди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Тоҳир Норматов гуфт, Юлдошев ҳангоми даргирӣ бо нерӯҳоиинтизомӣ дар моҳи феврали соли равон дар ноҳияи Рашт кушта шудааст. Ба қавли Тоҳир Норматов ҳоло дар миёни 25 нафар маҳбусоне, ки фирор карда буданд танҳо Зиёев Аъзам Аҳтамович зинда мондаву дар озодист.

Ба ҳар тартиб, иттилои тазодомез водор мекунад, сарнавишти ҳар яке аз 25 маҳбуси фирорӣ бори дигар матраҳ шавад.

НОМГӮЙИ ФИРОРИЁН

Кушташудагон

Кокулов Фахриддин Сайфиддинович, таърихи таваллудаш 10 марти соли 1980, зодаи шахри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон пас аз фирор дар кӯҳистони шарқи кишвар ба гурӯҳи Мулло Абдулло пайваст ва рӯзи 18-уми апрели соли 2011 дар амалиёти нерӯҳои давлат зидди Мулло Абдулло дар моҳи апрели соли равон кушта шуд.

Иброҳимов Ҷумъа Абдусаломович, санаи таваллуд 2 марти соли 1960, зодаи ноҳияи Тоҷикобод. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Ҷумъа Иброҳимов ва як ҳамроҳи ӯ, ки узви Ҳаракати исломии Узбакистон будааст, аз тарафи нерӯҳои полис дар минтақаи Рашт кушта шуданд. Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 14-уми майи соли ҷорӣ дар ин бора хабар дод ва навори видеои кушта шудани Ҷумъа Иброҳимов ва ҳамроҳи ӯро намоиш дод.

Шаҳрванди 41-солаи Афғонистон, Бозоралӣ валади Эгамбердӣ, 5-уми октябри соли 2010 дар ноҳияи Тавилдара кушта шуд. Аз ӯ як мусалсали "Калашников" ва як туфангча мусодира гардид.

Сулаймонов Гусейн Шарипович, таърихи таваллудаш 5 октябри соли 1985, шаҳрванди Федератсияи Русия, рӯзи 28-уми сентябри соли 2010 дар ноҳияи Файзобод кушта шуд.

Азизов Раҳмиддин Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 24 апрели соли 1972, зодаи ноҳияи Панҷ, рӯзи 26-уми сентябри соли 2010 дар даргирие дар наздикии деҳаи Чанорҳои ноҳияи Файзобод кушта шуд.

Ҳасанов Баҳриддин Қаюмович, таърихи таваллудаш 15-уми июли соли 1968, зодаи ноҳияи Тавилдара, 25-уми июли соли 2011 дар деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара кушта шуд.

Худоёров Мазҳариддин Насриддинович, санаи таваллудаш 1985, зодаи деҳаи Мулло Темури ноҳияи Тоҷикобод, рӯзи 20-уми июни соли 2011 ҳангоми муқовимат ба нерӯҳои интизомӣ дар дараи Гургонии ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт кушта шудааст.

Боздоштшудагон

Абиев Низомӣ Русланович, санаи таваллуд 18 августи соли 1986, зодаи ноҳияи Табасарински Доғистони Русия. Ҷабраилов Казбек Ҷабраилович, санаи таваллуд 30 марти соли 1986, зодаи Доғистони Русия. Рӯзи сешанбеи 12-уми июл Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 6-уми июли соли равон дар мавзеи Сугараки ноҳияи Ҷиргатоли ҳаммарз бо Қирғизистон маҳбуси фирорӣ Ҷабраилов Казбек ба ҳабс гирифта шуд. Ниҳодҳои интизомӣ аз Ҷабраилов силоҳу муҳимот мусодира кардаанд. Вазорат ҳамчунин иттилоъ дод, ки 12-уми июл дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои интизомии Қирғизистон маҳбуси дигари фирорӣ Низомӣ Абиев дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастгир шудааст.

Шаҳрвандони Русия -- Аҳмадов Магомед Магомедрасулович, соли таваллудаш 15 октябри соли 1979, зодаи шаҳри Буйнакски Доғистон ва Алиев Алӣ Магомедович, соли таваллудаш 5 сентябри соли 1983, ҳарду боздошт ва дубора муҳокима шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон ҳардуро барои 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аҳмадов рӯзи 10-уми сентябри соли 2010 дар наздикии Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Холматов Фурқат Тулаганович, таърихи таваллудаш 11 ноябри соли 1975, зодаи шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканди Узбекистон, рӯзи 20-уми июни соли 2011 дар дараи Гургонӣ, ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт дастгир шуд.

Орифҷонов Баҳром Обидҷонович, санаи таваллудаш 2 октябри соли 1981, зодаи шаҳри Исфара, Азизов Ҳикматулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 8 июни соли 1975, зодаи ноҳияи Панҷ. Ҳарду рӯзи 19-уми декабри соли 2010 дар Тахори Афғонистон боздошт ва 27-уми декабр ба Душанбе истирдод шуданд.

Шаҳрвандони Афғонистон -- Маҳмадамир валади Қурбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, Муҳаммадзокир валади Муҳаммадҳалим дар вилояти Тахори Афғонистон боздошт шуданд. Мақомоти кишвари ҳамсоя аз истирдоди онҳо худдорӣ кард.

Насриддинов Иброҳим Раҷабович, санаи таваллуд 1974, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон. Рӯзи 2-юми сентябри соли 2010 дар маҳаллаи Чуқайшаи ноҳияи Ваҳдат боздошт шуд.

Азизов Зайдулло Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 16 январи 1977, зодаи ноҳияи Дарвози ВМКБ, рӯзи 10-уми сентябри соли 2010 ҳамроҳи Аҳмадови доғистонӣ дар наздикии Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Зиёев Ҷонибек Абдусамадович, таърихи таваллудаш 8 феврали соли 1979, сокини ноҳияи Панҷ, рӯзи 25-уми июли соли 2011 дар деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара боздошт шуд.

Хӯҷаев Саидисмон Абдураҳмонович, соли таваллудаш 23 феврали соли 1978, зодаи ноҳияи Панҷ, рӯзи 12-уми сентябри соли 2010 дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон боздошт шуд.

Мирзоев Абдурасул Раҳмонович, соли таваллудаш 1 апрели соли 1958, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон. Ба таърихи 6уми сентябри соли 2010 дар ҳудуди ноҳияи Файзобод боздошт, дигарбора муҳокима ва маҳкум шуд.

Наимов Толибшо Аламович, соли таваллудаш 14 октябри соли 1977, зодаи ноҳияи Тавилдара, ба таърихи 12-уми сентябри соли 2010 дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон боздошт шуд

Сарнавишти норӯшан

Юлдошев Ҳамидулло Абдуғаффорович, санаи таваллудаш 22 апрели соли 1983, зодаи Узбакистон, зинда ё мурда будани ӯ дақиқан маълум нест. Бар пояи маълумоти расмӣ, аз баёноти боздоштшудагон маълум шудааст, ки ӯ дар амалиёти водии Рашт ба қатл расида, ҷасадаш ба рӯдхона афтодааст.

Охирин фирорӣ

Зиёев Аъзамшо Аҳтамович, санаи таваллудаш 04 декабри соли 1969, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон. Мақомот ӯро ягона фирорие унвон мекунанд, ки ҷон ба саломат бурдааст.

ДАР ФАРҶОМ

Бино бар маълумоти расмӣ, нерӯҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон амалиёти боздошти охирин маҳбуси фирорӣ Зиёев Аъзам бо лақаби «Панҷара»ро оғоз кардаанд.

Аъзам Зиёев аз наздикони раиси пешини Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, генерали собиқ Мирзо Зиёев мебошад, ки пас аз куштори мармузи Мирзо Зиёев дар тобистони соли 2009 ҳамроҳ бо чандин нафар аз пайвандони Мирзо Зиёев дар Тавилдара боздошт ва зиндонӣ шуданд.

Ба ин тартиб, агар аз 25 маҳбуси фирорӣ 1 нафар дар озодӣ бошад, 8 тани онҳо кушта ва 16 нафари дигар боздошт шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG