Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

2 шаҳрванди Тоҷикистон дар Самара 9 солӣ зиндон гирифтанд


Бино ба хабари дафтари матбуотии раёсати назорат бар маводи мухаддири Самара, ду шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқи маводи мухаддир дар ин минтақа 9 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. Онҳо соли 2010 дар ин шаҳр ҳақи иқомати муваққатӣ дарёфт кардаанд ва хонаеро иҷора гирифтаанд. Дар ин хона онҳо ҳероинро бо маводи дигар якҷоя карда дар халтаҳои махсус онро ба савдо мезадаанд. Ҳангоми боздошти ин ду шаҳрванд аз онҳо тақрибан 3 килограмм ҳероин мусодира шудааст. Дар хабари дафтари матбуотӣ аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон ном бурда намешавад.
XS
SM
MD
LG