Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

19 сол пеш кӣ мехост раҳбари Тоҷикистон шавад?


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон 26 июл дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гуфтааст, ки 19 сол пеш касе намехост раҳбарии Тоҷикистонро бар ӯҳда бигирад. Дар ин бора ИА REGNUM хабар додааст. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, соли 1992 вақте, ки вай дар иҷлосии 16 порламони Тоҷикистон дар Хуҷанд раҳбари ин кишвар интихоб шудааст, 40 сол доштааст ва дар Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ фурӯзон будааст. Бо назардошти масоили амниятӣ дар шаҳри Душанбе-пойтахти кишвар ин иҷлоси порламон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар он солҳо шимоли Тоҷикистон то андозае минтақаи амн ба шумор мерафт.
XS
SM
MD
LG