Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То бозиҳои олимпӣ дар Лондон дуруст як сол монд


Дуруст дар ҳамин рӯз баъд аз як соли дигар дар Лондон бозиҳои тобистонаи олимпӣ оғоз мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар Лондон маросимҳое барпо кардаанд. Раиси Кумитаи байналмиллалии олимпӣ ба таври расмӣ аз варзишгарони ҷаҳон хост, ки дар ин бозиҳо ширкат варзанд. Вай дар мусоҳибае бо хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, ки сохтмони иншооти олимпӣ тибқи нақша ва бо будҷаи пешбинишуда идома дорад. Мақомоти олимпӣ мегӯянд, ки сохтмони иншооти аслии олимпӣ, аз ҷумла варзишгоҳи марказии дорои 80 000 курсии нишаст, ба поён расидааст. Вале баъзе корҳои дигар боқӣ мондаанд. Ба ин корҳо масъалаҳои амниятӣ ва ҳаракати нақлиёт дар он рӯзҳо дохил мешавад.
XS
SM
MD
LG