Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи горд номзад ба мақоми вазири нафти Эрон


Генерал Рустам Қосимӣ
Генерал Рустам Қосимӣ
Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон имрӯз номзадии Рустам Қосимӣ-фармондеҳи Горди Инқилобро ба мақоми вазири нафти Эрон пешниҳод кард. Амрико, Иттиҳодияи Аврупро ва Австралия Рустам Қосимиро дар феҳристи таҳримҳои худ ҷой додаанд, зеро вай дар барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эрон даст дорад. Аз моҳи май ба ин сӯ сарпарастии вазорати нафтро, ки вазорати муҳими стротегии ин кишвар ба шумор меравад, Муҳаммад Алиободӣ бар дӯш дорад. Он вақт Маҳмуди Аҳмадинежод талош кард, назорат бар ин вазоратро дар дасти худ бигирад ва аз он замон муносибаташ бо порламон сард шуд.
XS
SM
MD
LG