Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазирони Ҳиндустону Покистон бо ҳам мулоқот карданд


Дастфишории Кришна ва Ҳина Раббонӣ дар Деҳлӣ

Дастфишории Кришна ва Ҳина Раббонӣ дар Деҳлӣ

Имрӯз мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи Ҳиндустон ва Покистон дар Деҳлӣ баргузор шуд. Баъд аз оғози музокироти сулҳи ҷонибҳо дар авоили соли ҷорӣ ин нахустин мулоқот дар чунин сатҳ ба шумор меравад. Кришна-вазири корҳои хориҷаи Ҳинд ва Ҳина Раббонӣ Кҳар-ҷавонтарин вазири кобинаи Покистон ва нахустин зан, ки вазири хориҷа таин шудааст, дар оғози музокирот хостори фазои нави ҳамкорӣ шуданд. Музокироти сулҳи ин ду кишвари ҳамсояи дорои аслиҳаи ҳастаӣ моҳи феврал аз сар гирифта шуда буд. Ҳиндустон соли 2008 баъд аз куштори 188 нафар дар ҳамлаҳои террористӣ дар Мумбай ин музокиротро боздошт ва Покистонро барои ин ҳамлаҳо муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG