Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар Тоҷикистон


Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон соати 8:16 дақиқаи субҳи чаҳоршанбе як заминларзаи 4,4 дараҷаиро сабт кардааст. Маркази ин зилзила дар 250 километрии ҷануб-шарқи Душанбе дар кӯҳҳои Ҳиндукуш воқеъ дар Афғонистон гуфта мешавад. Шиддати зилзила дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ эҳсос шудааст. Ҳанӯз дар бораи кадом хисороти молӣ ё ҷонии ин офат гузориш нарасидааст.

Аз ин қабл рӯзи 20-уми июл як зилзила 6,2 дараҷаӣ водии Фарғонаи Осиёи Миёнаро такон дода буд. Бар асари он дар вилояти Фарғонаи Ӯзбакистон дасти кам 13 нафар ҷон бохта ва беш аз 80 нафар захмӣ шуда буданд. Дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон як марди 43-сола аз тарс аз ошёнаи дуюм ба замин ҷаҳида, бар асари ба замин бархӯрдани сараш аз олам даргузашта буд. Дар Қазоқистон ва Қирғизстон низ биноҳои зиёде қисман валангор шуда буданд.
XS
SM
MD
LG