Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Хотамӣ иҷозаи хурӯҷ аз Эронро надоданд


Муҳаммад Хотамӣ
Муҳаммад Хотамӣ
Мақомоти Эрон ба раисиҷумҳури пешин ва яке аз мухолифини ҳукумат Муҳаммад Хотамӣ хурӯҷ аз кишварро манъ карданд.

Дар ин бора сомонаи интернетии эронии Ҷаҳон Нюз бо такя ба як манбаъи расмӣ хабар дод. Хотамӣ мехост барои дидор ба фарзандонаш ба Аврупо биравад ва дар як семинар дар Ирландия суханронӣ кунад.

Ин хабар аз сӯи дигар манбаъҳо ҳанӯз тайид нашудааст.
XS
SM
MD
LG