Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Брюссел ва Вошингтон аз низоъ дар Косово


Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА баъд аз низоъ дар шимоли Косово албанитаборҳо ва сербҳоро ба оромӣ даъват карданд.

Низоъ баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки бо амри ҳукумати Косово полис ду гузаргоҳ дар марз бо Сербияро таҳти назорат қарор дод.

Ба гуфтаи мақомоти Косово, аз тири сербҳои норозӣ аз ин амалиёт як корманди полис кушта шудааст.

НАТО эълом дошт, ки нерӯҳои посдори сулҳаш назорат дар ин минтақаи доғро таҳким бахшиданд.

Кэтрин Эштон, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз раисиҷумҳури Сербия Борис Тадич ва нахуствазири Косово Ҳошим Тачӣ талаб кард, ки аз жарфтар шудани низоъ ҷилавгирӣ кунанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тасмими Косово дар робита ба гузаргоҳҳои марзӣ бо ҷомеъаи байнулмилалӣ ҳамоҳанг нашуда буд.

Амри таҳти назорат гирифтани гузаргоҳҳои марзӣ баъди он содир шуд, ки ҳафтаи гузашта мақомоти Косово дар ҷавоб ба сарпечии Сербия аз лағви эмбарго воридоти тавлидоти Сербия ба кишварро манъ карданд.

Сербия истиқлоли Косоворо эътироф накарда, онро чун пештара як бахш аз қаламрави худ мехонад.
XS
SM
MD
LG