Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Ӯзбакистон ба Обама таҳдид кардааст


Улуғбек Қодиров
Улуғбек Қодиров
Дар шаҳри Бирмингеми ИМА ҳайати мунсифа ба шаҳрванди Ӯзбакистон Улуғбек Қодирови 21-сола барои талоши ташкили сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ иттиҳом эълон кард.

Бар пояи хабарҳо, Қодиров чандин бор дар ҷамъи одамон ба раисиҷумҳури Амрико таҳдид кардаст.

Шаҳрванди Ӯзбакистон 13 июли соли равон дар аёлати Алабама ҳангоми харидории силоҳ боздошт шуд.

Улуғбек Қодиров аз моҳи апрели соли 2010, баъд аз лағви раводиди донишҷӯияш, дар Амрико ғайриқонунӣ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG