Пайвандҳои дастрасӣ

Эдуард Розовский бар асари садама аз олам даргузашт


Бар асари садамаи нақлиётӣ дар вилояти Ленингард яке аз маъруфтарин наворбардорони синамои шуравӣ Эдуард Розовский ба ҳалокат расид.

Ба иттилоъи "Интерфакс", Розовскии 84-сола дар шоҳроҳ натавонист мошинро идора кунад ва мошин аз роҳ берун шуда ба дарахт бархӯрдааст.

Эдуард Розовский филмҳои маъруфи “Сардори Чукотка”, Одам-моҳӣ”, “Дон Сезар де Базан” “Зангирии Балзаминов”, “Суқрот”-ро ба навор гирифтааст.

Солҳои ахир ӯ устоди донишгоҳи давлатии синамо ва телевизиони шаҳри Санкт-Петербург буд.
XS
SM
MD
LG