Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳо аз ғайб задани миллионҳо доллар дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон шакку шубҳаҳои муфаттиши кулли Амрико оид ба бозсохти Афғонистон Ҳерберт Ричардсон дар бораи истифодаи берун аз аҳдофи миллиардҳо доллари солҳои ахир барои Кобул ҷудошударо рад карданд.

Ин ҳафта Ричардсон изҳор намуд, ки мақомоти Афғонистон дар кори мушовирони амрикоӣ дар Бонки марказӣ ва дигар созмону муассисаҳо монеъа эҷод мекунанд ва бар асари ин пайгирии бо кадом аҳдоф истифода шудани маболиғ мушкил мегардад.

Аз соли 2001 ба ин сӯ ИМА барои бозсохти Афғонистон беш аз 70 миллиард доллар ҷудо кардааст.

Дар ҳамин ҳол ахиран вазорати дифоъи Амрико тасдиқ кард, ки Толибон тавонистанд бахше аз пулҳои чандмиллиарддолларии марбут ба нақлиёт дар Афғонистонро азхуд кунанд.

Полковник Дейв Лапан, сухангӯи Пентагон гуфт, муфаттишон собит карданд, ки 2,1 миллиард доллар пули марбут ба хадамоти интиқоли борҳо ба дасти Толибон расидааст.
XS
SM
MD
LG