Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластин хостори эътирофи СММ шуд


Риёз Мансур (аз рост дуввум)
Риёз Мансур (аз рост дуввум)
Мақомоти Идораи худгардони Фаластин аз Маҷмааи кулли СММ даъват карданд, ки истиқлоли Фаластинро эътироф кунад ва кишварро ба узвияти Созмони Милал бипазирад.

Намояндаи Фаластин дар СММ Риёз Мансур изҳор намуд, ки ҳукумати Фаластин омода аст ариза дар бораи узви 193-юми Созмони Милал пазируфта шуданашро ба Маҷмааи Кулл ироа кунад.

Ба гуфтаи ӯ, алҳол Фаластин аз пуштибонии 120 кишвари узви СММ бархурдор аст.

Иҷлосияи навбатии Маҷмааи кулли Созмони Милал бояд миёнаҳои моҳи сентябр дар Ню-Йорк ифтитоҳ шавад.
XS
SM
MD
LG