Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Норвегия дар бораи қурбониён иттилоъ медиҳад


Полиси Норвегия ба нашри иттилоъ дар бораи қурбониёни таркиш дар маркази шаҳри Осло ва тирандозӣ дар ҷазираи Утойя шурӯъ намуд.

Дар сомонаи интернетии полис айни ҳол ному насаб, макони зист ва синну соли чаҳор тан аз қурбониён интишор ёфтааст. Ин рӯйхат дар ҷараёни шиносоӣ шудани кушташудагон такмил мешавад.

Бар пояи иттилоъи ахир, дар ду ҳамлаи террористии анҷомдодаи сокини Норвегия Андерс Брейвик 76 нафар ба ҳалокат расиданд.

Брейвик барои ҳашт ҳафта боздошт шудааст. Вакили мудофеъи ӯ мегӯяд, ки шахси таҳти ҳимояташ шояд чун маризи рӯҳӣ эътироф шавад.
XS
SM
MD
LG