Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти собиқи Эронро иҷоза надоданд ба Аврупо сафар кунад


Хабаргузориҳои эронӣ мегӯянд, ки раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар Муҳаммади Хотамиро иҷоза надоданд кишварро тарк кунад. Вебсайти Jahan-News менависад, ки Хотамӣ мехост барои дидори фарзандонаш ба Аврупо ва барои ширкат дар як семинари сиёсӣ ба Ирландия равад, вале мақомоти маҳаллӣ сафари ӯро манъ карданд. Ин хабар ҳанӯз аз ҷониби манобеи расмӣ тадиқ нашудааст. Хотамӣ, ки мунаққиди сиёсати Маҳмуди Аҳмадинажод аст, мақомотро барои тақаллуби натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2009 интиқод карда гуфтааст, ки натиҷаҳои онро эътироф намекунад.
XS
SM
MD
LG