Пайвандҳои дастрасӣ

Оштии оркестри яҳудӣ бо оҳангҳои Риҳард Вагнер


Як оркестри исроилӣ эҷодиёти Риҳард Вагнер - оҳангсози маҳбуби Адолф Ҳитлерро имрӯз дар Олмон, дар як ҷашнвораи бонуфузи мусиқӣ иҷро мекунад. Дар давоми ҳафтод соли охир иҷрои оҳангҳои Вагнер дар Олмон ба хотири ақоиди зиддияҳудии ӯву замоне илҳомбахши Ҳитлер будани оҳангҳояш табу буд. Дирижери маъруф Дениэл Баренбойм, ки шаҳрванди Исроилу Аргентина мебошад, соли 2001 бо иҷрои як оҳанги Вагнер дар толори консертии Байтулмуқаддас чунон тамошобинонро ба хашм оварда буд, ки даҳҳо нафар ҳамон замон ба нишони эътироз толорро тарк карданд. Имрӯз қарор аст оркестри Исроил дар 100-умин солгарди ҷашнвораи мусиқии шаҳри Байройти Олмон, ки ба эҷодиёти Вагнер ихтисос дорад, намунаҳое аз асарҳои ӯро иҷро кунад.
XS
SM
MD
LG