Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амволи "Роғун"-ро кӣ медуздад?


Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон

Бозорҳои ғайрирасмие, ки маводи сохтмонии дуздида аз нерӯгоҳи Роғунро ба фурӯш мегузоштанд, баста шудаанд.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ин бозорҳо дар ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун фаъолият мекарданд.
Фаттоҳ Саидов, мегӯяд, то якуним
соли пеш воқеан
мавориди дуздии амволи "Роғун" зиёд буд, аммо
бо дастури раисҷумҳур ҳоло ҳар семоҳа вазъи молии нерӯгоҳ аз сӯи комиссияи махсус санҷида мешавад...


Вай афзуд, то якуним соли гузашта ҳангоми дуздӣ дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун кормандони масъули ҳукуматӣ низ боздошт шудаанд. Ӯ сарвари шӯъбаи муҳофизати ҳукумати шаҳри Роғунро мисол овард, ки бо як километр кабели баландсифати сохтмонӣ дастгир шудааст.

Ҷаноби Саидов илова кард, ки ба маблағи 60 миллион сомонӣ 35 тонна пӯлоди зангнахӯрандаи сохтмонӣ кашф шудааст, ки аз ҳисобот пинҳон шуда буд: "Ин ҳанӯз ба ҳисобу китоби имрӯза аст. Агар бо нархи замони Шӯравӣ гирем, чанд маротиба зиёд мешавад. Ин ҳамон металли қиматбаҳо аст, ки ғафсиаш 5 сантиметр аст ва дар замони Шӯравӣ аз Санкт-Петербург оварда мешуд. Онро асосан барои маҳкам кардани дарвозаҳо истифода мекунанд. Дар базаи Сичароғ бурда пинҳон кардаанд. Мақсадашон чӣ буд? Мехостанд тариқи ширкатҳояшон оҳиста-оҳиста онҳоро ба давлат фурӯшанд. Аммо мо онро кашф карда, ба ҳисобот ворид кардем."



ДУЗДИИ АМВОЛ БА НИЗОМИЁН РАБТ ДОРАД?


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии нерӯгоҳи "Роғун"
Раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, бо иттиҳоми дуздӣ дар нерӯгоҳи Роғун афсарону сарбозони қисми низомии Горд ё Гвардияи миллии Тоҷикистон низ боздошт ва муҷозот шудаанд.

Аммо иддае аз огаҳони вазъи ҷиноӣ дар нерӯгоҳи Роғун бар инанд, ки на ҳамеша таҳқиқи дуздии амвол аз сӯи афсарон дар ин сохтмони барои Тоҷикистон муҳим мунсифона сурат мегирад.

Абдураҳмон Шарипов, дар гузашта сарвари хадамоти иктишофии қисми низомии Горди миллӣ дар Роғун, ки даъво дорад ба далели фош кардани мавориди дуздии сӯзишвории дизелӣ аз вазифа сабукдӯш шудааст, мегӯяд, касе афсаронро муҷозот накарда, балки иддае ба вазифаҳои баландтару дигар гузаштаанд.

ДУЗДИ ЗӮР СОҲИБИ ГОВРО МЕБАНДАД?

Шарипов мегӯяд, вақте сухан дар бораи дуздӣ дар ҳамҷми калон, яъне ҷиноят меравад, муҷримон муҷозоти маъмурӣ карда шудаанд. Вай афзуд, чанд мавриди ҷинояти афсарони Горди миллӣ дар ҳамдастӣ бо кормандони Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон дар водии Рашт наворбардорӣ ва ҳуҷҷат шудааст.

"Лекин кормандони оҷонс мӯҳлати маводро гузарониданд. Тақрибан пас аз ду моҳ маводро ба додситонии низомӣ ирсол карданд. Акнун агар 10-уми октябр мавод омода шуда бошад, ҳоло моҳи июл аст, яъне пас аз 10 моҳ ягон чорае дида нашудааст. Ин корро худи оҷонс низ метавонист, анҷом диҳад, ки надод. Мо дуздонро боздошт кардем, вале онҳо ҳоло фаъолияти корӣ доранд. Мо бошем, бекор гаштаем",-илова кард ӯ.

"КАСЕ ШОҲИДӢ НАДОД"

Фаттоҳ Саидов мегӯяд, маводе, ки дар ин маврид пешниҳод шуда буд, ба далели он ки ба низомиён рабт дорад, ба додситонии низомӣ ирсол шуд.

Аммо Рустам Одинаев, муфаттиши Додситонии низомии Тоҷикистон, масъули қазияи мазкур мегӯяд, аз оҷонс на парванда, балки маводи санҷишӣ расидааст ва пас аз таҳқиқ далоили дуздии афсарони Горди миллӣ собит нашудааст.

Вай афзуд, аввалан ин иттиҳом собит нашуд, ки беш аз 600 литр саляркаи дуздидашуда моли нерӯгоҳи Роғун аст: "Ин чиз ҳам собит нашуд, ки ягон низомӣ аз нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ дар нерӯгоҳи Роғун ягон литр саляркаро ба зӯрӣ гирифта бошад ё ба ӯ ихтиёран дода бошанд. Мо аз кормандони он ҷо баёнот гирифтем. Касе шоҳидӣ надод. Пас аз куҷо ин ҷо таркиби ҷиноят ҳаст?"

ҲАҚИҚАТ Ё ТӮҲМАТ?


Одинаев ҳамчунин гуфт, сабти видеоии Абдураҳмон Шарипов ва кормандони оҷонс ғайриқонунӣ гирифта шудааст, зеро тибқи қонунгузорӣ, сабт аз сӯи додгоҳ бояд расман иҷоза дода шавад ва ин сабтҳо ҷиноятро собит намекунанд.

Хайринисо Комилова, сарвари маркази матбуоти Горди миллии Тоҷикистон дар кул даст доштани афсарони ин ниҳодро дар дуздии амволи нерӯгоҳи Роғун инкор мекунад: "Коргари собиқи мо тӯҳмат кардааст ва мо ба ӯ посух гуфтаем, ки чоп мешавад."

Нерӯгоҳи Роғун муҳимтарин ва бузургтарин тарҳи иқтисодии Тоҷикистон аст, ки дар ҳоли ҳозир танҳо аз ҳисоби буҷа ва ҳам маблағи аз мардум ҷамъовардаи ҳукумат бунёд мешавад.

"ФИШОРҲОИ ИҚТИСОДӢ"

Дар гузашта расман ҳазинаи ин тарҳро беш аз 2 миллиард ҳисоб карда буданд. Ин тарҳ мухолифати мустақими Узбакистон ва ғайримустақими Русияро низ афзудааст, ки аз "фишорҳои иқтисодӣ" сари Тоҷикистон кор мегиранд. Коршиносон ҳазинаи ин фишорҳоро беш аз як миллиард доллар ҳадс мезананд.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон мегӯяд, то якуним соли пеш воқеан мавориди дуздии амволи "Роғун" зиёд буд, аммо бо дастури раисҷумҳур ҳоло ҳар семоҳа вазъи молии нерӯгоҳ аз сӯи комиссияи махсус санҷида мешавад.

Ахиран Абдураҳим Абдуҳасанов, собиқ муовини аввали раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон низ сарвари раёсати ин ниҳод дар водии Рашт, маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" таъйин шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG