Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯйхати сиёҳи афроди вобаста ба куштори Магнитский дар Маскав


Сергей Магнитский

Сергей Магнитский

Тибқи гузоришҳои матбуот, Вазорати хориҷаи Амрико мехоҳад исми даҳҳо шаҳрванди Русияро ба як феҳрасти сиёҳе ворид кунад, ки аз ҳақи сафар ба Иёлоти Муттаҳида маҳрум мешаванд. Ин тасмим бо марги ҳуқуқшинос Сергей Магнитскии 37-сола дар як зиндони Маскав иртибот мегирад, ки тирамоҳи соли 2009 рух дода дар дохилу хориҷи Русия сару садои зиёде кардааст.

Нашрияи "The Washington Post" имрӯз бо ишора ба баъзе санадҳо дар ҳукумати Амрико мегӯяд, ки дафтари вазири умури хориҷа Ҳилларӣ Клинтон феҳрасти 60-нафараи афроди муртабит ба куштори Магнитскийро таҳия дорад ва дар оянда ин афрод аз ҳақи гирифтани раводиди сафар ба Иёлоти Муттаҳида маҳрум мешаванд.

Магнитский, ки қабл аз боздоштшаш барои як бунёди сармоягузории ғарбӣ кор мекард, мақомоти вазорати дохилаи Русияро дар роҳандозии як нақшаи шустушӯи 200 миллион доллар пул муттаҳам кардааст. Нашрияи "The Washington Post" навишт, ки Маскав, ба гуфтааш, барои “мудохилаи” Амрико ба умури дохилаи кишвараш ба хашм омада, таҳдид кардааст, ки ҳамкориашро дар умури Эрону Кореяи Шимолӣ, Либия ва транзити борҳову муҳимот ба Афғонистон коҳиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG