Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Варшикастагии молӣ ба миллат зарба мезанад"


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Баҳси ҷумҳурихоҳон ва демократҳои ИМА рӯи масъалаи боло бардоштани мизони қарзгирии давлат идома дорад.

Рӯзи дувуми август қарзи давлатии Амрико ба 14,3 триллион доллар баробар мешавад, ки тибқи қонунҳои мавҷуда мизони баландтарин ба шумор рафта, ҳукуматро аз ҳаққи гирифтани қарзи бештар маҳрум
Демократҳо мехоҳанд барномаҳои беҳдоштии мардуми камбизоат ва бознишастагонро ҳифз намуда, дар интихоботи миёндавраии Конгресс ва раёсатҷумҳурӣ раъйи интихобкунандагонро аз даст надиҳанд...

мекунад.

Шоми душанбе дар як паёми телевизионӣ раисиҷумҳури ИМА, Барак Обама, аз барномаи пешниҳодии ҳизби демократ пуштибонӣ намуда, ҳушдор дод, ки варшикастагии молии ИМА ба тамоми миллат зарба мезанад.

Баҳси қарзи давлатии ИМА бозорҳои молии саросари дунёро низ нигарон кардааст. Барои аввалин бор дар таърихи муосир як унси троӣ ва ё 31 грамм тило беш аз 1 ҳазору 600 доллар қимат дорад.

Сандуқи Байналмилалии Пул таъкид мекунад, ки агар ИМА варшикаста шавад, авроқи қарза ё худ бондҳои ин кишвар мақоми байналмилалии худро гум мекунанд ва кишвар маҷбур хоҳад шуд, ки қарзаи бонкиро боло барад.

"ҶАНҶОЛ"-И ДЕМОКРАТҲО ВА ҶУМҲУРИХОҲОН

Президент Обама ҳам ба ин масъала ишора карда, афзудааст, ки дар ҳоли варшикастагии молӣ мизони фоизи бозпардохти қарзҳо низ боло мераваду билохира ба ҷайби мардум зарба мезанад.

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз ҷумҳурихоҳону демократҳо даъват кард, ки ҳисобу китоби сиёсиро канор гузошта, ҳалли баҳсро пайдо кунанд.

Ҳар ду ҳизб: ҳам ҷумҳурихоҳ ва ҳам демократ, таъкид мекунанд, ки аз варшикастагии молӣ ҷилавгирӣ хоҳанд кард, вале амалан ба созиш омодагӣ нишон намедиҳанд.

Раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии Конгресси ИМА вакили ҷумҳурихоҳ Ҷон Бейнер пешниҳод кардааст, ки дар давоми даҳ соли оянда ҳукумат ҳар сол хароҷоташро 1 триллиону 200 миллиард доллар коҳиш бидиҳад.

"ХАРҶРО КАМ КУНЕД"

"Ҳамин ҳоло ҳукумати мо чунон бузург шудааст, ки кӯшишҳои мардумӣ барои рушди босуръати иқтисодамонро барбод медиҳад. Ҳалли бӯҳрон сода аст. Шумо пули бештар аз даромадатонро харҷ мекунед, харҷро кам кунед”,-афзудааст ӯ.

Шореҳон ба ин назаранд, ки барномаи Бейнер аз тарафи президент Обама рад хоҳад шуд, зеро он ҳалли муваққатӣ дар пай дошта, соли 2012-ум дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ президент Обамаро зери фишор қарор медиҳад. Демократҳо мехоҳанд ба ин васила барномаҳои беҳдоштии мардуми камбизоат ва нафақахӯронро ҳифз намуда, дар интихоботи миёндавраии Конгресс ва раёсатҷумҳурӣ овозҳои интихобкунандагонро аз даст надиҳанд.
XS
SM
MD
LG