Пайвандҳои дастрасӣ

Ташкили ҳайати ҳалли ихтилофоти шохаҳои давлат дар Эрон


Cаид Алӣ Хоманаӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Маҳмуди Шоҳрудӣ

Cаид Алӣ Хоманаӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Маҳмуди Шоҳрудӣ

Дар Эрон ба хотири ҳалли ихтилофот байни шохаҳои мухталифи давлат, як миёнҷии вижа таъйин шудааст.

Ин баҳсҳо рӯи эътибор ва қудрати раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ соя афкандааст ва Хоманаӣ муттаҳиди наздикаш-раҳбари пешини қувваи қазоия оятуллоҳ Маҳмуди Шоҳрудиро раҳбари гурӯҳи вижае таъйин кард, ки масъули ҳалли ин баҳсҳои бархоста хоҳад буд.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар баҳори соли равон дар пайи ихтисори шумораи аъзои кобинааш худро кафили вазорати нафт таъйин кард, ки ба интиқоди шадиде аз сӯи Маҷлис рӯбарӯ шуд.

Баҳси Аҳмадинажод бо оятуллоҳ Хоманаӣ бар сари шахси вазири иттилоот низ ба оташи ин танишҳо равған рехт. Дар баҳори имсол Аҳмадинажод вазири иттилоот Ҳайдар Муслиҳиро аз мақом барканор кард, вале ӯ рӯзе баъд бо дастури раҳбари рӯҳонии Эрон ба ин мақом баргашт. Бино ба хабарҳо, Аҳмадинажод аз ин тасмими Хоманаӣ чунон ба хашм омад, ки ҳатто чанд рӯз дар ҷаласаҳои кобина ҳозир нашуд.

Танишҳои афзоянда байни Аҳмадинажод ва Маҷлис ва ҳамин тавр, ихтилофоти низ рӯ ба афзоиши байни Аҳмадинажод ва Хоманаӣ аломатҳои ташдиди мубориза барои қудрат дар пешорӯи интихоботи парлумонии соли оянда ва интихоботи ду сол баъди раёсатҷумҳурии Эрон арзёбӣ мешаванд.

Аммо Ҳасани Шариатмадорӣ, як таҳлилгари масоили Эрон дар Олмон, бар ин бовар аст, ки масъала танҳо интихобот нест, балки таъсиси ниҳодҳои мутааддид ба хотири ҳалли баҳсҳое, ки дар дохили низоми Ҷумҳурии исломӣ бармехазанд, нотавонии оятуллоҳ Хоманаӣ дар амри ҳалли чунин ихтилофотро низ ба намоиш мегузорад:

XS
SM
MD
LG