Пайвандҳои дастрасӣ

Таъини ниҳоди миёнҷӣ барои рафъи баҳси президент ва парлумони Эрон


Оятулло Маҳмуди Шоҳрудӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Оятулло Алии Хоманаӣ

Оятулло Маҳмуди Шоҳрудӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Оятулло Алии Хоманаӣ

Хабаргузориҳои эронӣ мегӯянд, ки раҳбарии олии кишвар Оятулло Алии Хоманаӣ як миёнҷиро барои ҳалли баҳси миёни президент Маҳмуди Аҳмадинажод ва парлумон таъйин кард. Оятулло Маҳмуди Шоҳрудӣ раҳбарии ниҳодеро ба ӯҳда гирифт, ки баҳси дар ҳукумат бархостаро, ки аслан ба эътибори худи Хоманаӣ зарба мезанад, расидагӣ кунад. Маҳфилҳои сиёсӣ баҳсҳои миёни президенту парлумон ва президенту раҳбарии олӣ бархостаро чун муборизаҳои пеш аз интихоботи президентии соли 2013 арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG