Пайвандҳои дастрасӣ

Пентагон тасдиқ кард, ки як бахши пулҳо ба дасти Толибон мерафт


Пентагон тасдиқ кард, ки Толибон тавонистанд бахше аз пулҳои бисёрмиллиарддолларии марбут ба нақлиётро дар Афғонистон азхуд кунанд. Полковник Дейв Лапан, сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфт, муфаттишон собит карданд, ки 2,1 миллиард доллар пули марбут ба хадамоти интиқоли борҳо ба дасти Толибон рафтааст. Сухангӯ афзуд, ки тадбирҳои зарурӣ барои ислоҳи вазъ андешида шуда, ба наздикӣ созишномаҳои нав имзо хоҳанд шуд. Аз рӯи гузориши нашрияи "Washington Post", Толибон аз дасти ширкатҳои қарордодӣ пулҳои марбут ба интиқоли ғизо, таъмини маводи сӯхт ва муҳимоти марбут ба нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистонро азхуд кардаанд. Ин ширкатҳо маҷбур ҳастанд барои ҳимояи худ, ба Толибон пул диҳанд ва ё онҳоро дар дигар муомилаҳои пулӣ шомил кунанд.
XS
SM
MD
LG