Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 000 сомонӣ ҷарима барои латукӯби сардовар


Гунаҳкорони бозии мавқуфмондаи даври 19-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки бо пирӯзии тими меҳмон - “Равшан” бо ҳисоби 2:1 поён ёфта буд, муҷозот шуданд.

Ёдовар мешавем, дар ҷараёни ин бозӣ, ки 16-уми июл дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, чанд ҳодисаи нохуш рух дода буд. Ин масъала ду бор - рӯзҳои 18-ум ва 26-уми июл - дар ҷаласаи кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Раиси ин кумита Сафар Каримов ба радиои Озодӣ гуфт: “Бар асоси гузориши нозири ин бозӣ Абдураҳим Бобоев, аз шаҳри Турсунзода, дар дақиқаи 53-юми қувваозмоӣ сардовар Олим Норбоев (аз шаҳри Душанбе) ба бозигарони ҳарду даста - Ҳамдам Зарипов (“Равшан”) ва Низом Раҳимов (“Хайр”) барои задухӯрд миёни ҳарду корти сурх нишон дод ва онҳо аз майдон хориҷ шуданд. Бо қарори кумитаи назорату ахлоқи ФФТ Ҳамдам Зарипов ва Низом Раҳимов аз ҳаққи ширкат дар панҷ бозӣ маҳрум карда, ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима андохта шуданд. Қутбиддин Хайров, президенти клуби футболи “Хайр”, барои латукӯби сардовар ба маблағи 3000 сомонӣ ҷарима баста шуд. Инчунин барои таъмин накардани амнияти доварон клуби“Хайр” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд”.

БОЗИИ "МУШКИЛ"-И "ХАЙР"-У "РАВШАН" ДАР ТАСВИР

XS
SM
MD
LG