Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони масъули ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Хатлон имсол беш аз панҷоҳ ҷинояти коррупсионӣ содир кардаанд.

Ниҳоди зидди фасоди молӣ дар Хатлон мегӯяд, маҳз намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ бештар аз ҳама дар ҷиноёти иқтисодию марбут ба фасод даст доштаанд, дар ҳоле ки солҳои пеш бештар
Агар зӯрамон нарасад, бояд ба мақомоти интизомӣ муроҷиат кунем.
Ҷаноби олӣ ҳам фармон додаанд, ки моликияти давлатиро набояд ба манфиати шахсӣ истифода кунем...
кормандони муассисаҳои вазорати маорифу тандурустӣ дар садри ба истилоҳ, ин "ҷадвал"-и "фасодзадаҳо" қарор мегирифтанд.

Ҷамшед Сангов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Хатлон, дар ин робита гуфт: "Асосан ин ҷиноятҳо гирифтани пора ва тасарруфи амволи ғайр бо роҳи қаллобӣ мебошанд."

Ҷаноби Сангов афзуд, дар миёни афроди муттаҳам ба ҷиноёти коррупсионӣ, мудирони шӯъбаҳои ҳукуматҳо, раисони кумитаҳои замин ва ҷамоатҳо низ будаанд.

"ҶИНОЯТҲОИ МАЪМУЛӢ"

Ҷамшед Сангов
Ба иддаои таҳлилгарони тоҷик, сӯистифода аз мансаби давлатӣ, ҷиноёти вобаста ба замин, тамаъҷӯӣ, порагирӣ аз ҷиноятҳои "маъмул"-е ҳисоб меёбад, ки аз ҷониби кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ сар мезанад. Дар соли гузашта алайҳи 19 вакили мардумӣ дар Хатлон, аз ҷумла 3 муовини раисони шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳи Бохтару Вахш ҳам барои сӯистифода аз мақоми хизматӣ ё дигар ҷиноёти коррупсионӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда буд.

Ба андешаи коршинос Сӯҳроб Табаров, ошкор шудани ҷиноятҳои зиёди коррупсионӣ, ки кори дасти ходимони давлатӣ дониста мешавад, сокинони одии кишварро нороҳату асабонӣ мекунад ва эътимоди онҳоро ба шаффофияти кори ҳукуматҳо ва намояндагони он коҳиш медиҳад.

"ИЗОФАПУЛӢ"

Зариф Калонов, сокини ноҳияи Хуросон мегӯяд, чандин дафъа кори ӯ ба мақомоти давлатӣ афтода, ёд надорад, ки бе додани «изофапулӣ» ё ришва барояш дасти ёрӣ дода бошанд: "Пастию баландиҳои бисёрро мебинем дар ин зиндагӣ. Кор нест. Ягон идора ба додат намерасад, агар шинос надошта бошӣ, ё пул. Куҷое наравед, ҳамин хел азоб. Барои ин, ки зиндагии хуб дошта бошӣ, бояд ҳатман хешутабори мансабдору пулбор дошта бошӣ. Ҳоло воқеан ҳамин хел зиндагӣ аст, ки гуфтаанд: "Бе пул суханат асар надорад."

Ғайбулло Афзалов, раиси ҳукумати вилояти Хатлон
Ахиран Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, ҳам бо ишора ба вуҷуди фасод дар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар минтақа гуфт, ошкор шудани беш аз 350 мавриди сӯистифода аз мошинҳои хизматӣ як намунаи рӯшани фасод дар "ҷомеа"-и амалдорони тоҷик мебошад.

АФЗАЛОВ: "АГАР ЗӮРАМОН НАРАСАД..."

Вай аз ҷумла афзуд: "Мошинҳои хизматие, ки беҳуда мегарданд, дар рӯзҳои истироҳатӣ мегарданд, хеле зиёданд. Мо бояд пеши роҳи ин ҳолатро бигирем. Ба кадомаш, ки имконият дорем ва таъсир расонида метавонем, бояд чораҳои қатъӣ андешем. Агар зӯрамон нарасад, бояд ба мақомоти интизомӣ муроҷиат кунем. Ҷаноби олӣ ҳам фармон додаанд, ки моликияти давлатиро набояд ба манфиати шахсӣ истифода кунем. Қонун қонун аст. Бояд хотима диҳем ба ин корҳо."

ДАЪВАТ АЗ СОКИНОН


Дар ҳамин ҳол, ниҳоди зидди фасоди молӣ дар Хатлон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар ошкорсозии фасодкориҳои кормандони ҳокимияти давлатӣ саҳми худро бигузоранд.

Масъулони ин ниҳод мегӯянд, дар ошкорсозии 182 ҷинояти коррупсионие, ки имсол дар Хатлон ошкор шудааст, бархе сокинони одии минтақа мусоидат кардаанд.

Агар намояндагони ҳокимияти давлатӣ имсол 50 ҷиноят содир кардаанд, дар 22 ҷиноят намояндагони Вазорати тандурустӣ, дар 14 ҷиноят кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва дар 8 ҷинояти коррупсионӣ ходимони додгоҳҳо, Кумитаи амнияти миллӣ ва додситонии минтақа муттаҳам дониста мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG