Пайвандҳои дастрасӣ

Пизишкони вилояти Хатлон аз эҳтимоли бурузи бемории вабои "афғонӣ" дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Хуруҷи бемории кушандаи вабо ҳоло дар Афғонистони ҳаммарз ба мушоҳида расидааст.

БЕМОРИСТОНҲО ХАТЛОН ДАР ҲОЛАТИ ОМОДАБОШ

Шералӣ Бузмаков, сардори идораи ҳифзи тандурустии вилояти Хатлон, бо пахши баёнияе дар ин иртибот гуфт, ҳоло чанд гурӯҳи вижаи пизишкон барои таҳқиқи авзоъи беҳдоштӣ дар навоҳии марзии Тоҷикистон масруф ҳастанд ва вобаста
Шералӣ Бузмаков, сардори идораи ҳифзи тандурустии вилояти Хатлон

ба гузориши ин гурӯҳҳои корӣ, давлати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз пайдоиши вабо тадбирҳо хоҳад андешид.

Ҷаноби Бузмаков афзуд, ҳоло тамоми бемористонҳои шаҳру навоҳии Хатлон, тибқи дастури вижаи мақомоти минтақа, дар ҳоли омодабош қарор доранд.

Чандин ноҳияи ҷанубии Тоҷикистон бо ҷумҳурии исломии Афғонистон сарҳади муштарак дошта, нигаронии мақомоти вилояти Хатлон марбути хабарҳои расида аз музофоти Қандаҳори Афғонистон аст, ки манбаъи хуруҷи бемории вабо дониста мешавад. Бар асоси иттилоъи расонаҳои афғонӣ, шумораи мубталоёни вабо дар Афғонистон ба ҳазорон нафар расида, даҳҳо нафар, ғолибан кӯдакону наврасон, бар асари вабо ҷони худро аз даст додаанд.

Сардори идораи ҳифзи тандурустии Хатлон афзуд, ҳоло дар дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён гурӯҳе аз пизишкони тоҷик ҳозир шудаанд, то вазъи сиҳатии рафтуомадкунандагони марзҳои давлатиро мавриди омӯзиш қарор бидиҳанд. Вале ба таъкиди ҷаноби Бузмаков, дар ин гузаргоҳи марзӣ шароити дурусти муоина ва кор барои пизишкон муҳайё набудааст: «Бисёр масъалаи рӯзмарра аст. Албатта, мо тамоми омаду рафти шаҳрвандонро дар нуктаи марзӣ таҳти назорат дорем. Аммо дар Панҷи поён мо ягон шароити хуби корӣ надорем. Фақат як ҳуҷра дорем он ҷо ва дар он духтурони мо аз ноҳияи Қумсангир назорат мебаранд, ташхис мекунанд. Аммо проблема вуҷуд дорад. Ҳоло мо ба хадамоти гумруки Тоҷикистон муроҷиат мекунем, то ки бо таваҷҷӯҳ ба ҷиддияти масъала, ба мо дар фароҳамории шароити корӣ ё таъсиси бунгоҳи тиббӣ кӯмак кунанд. Ин ҳол моро бениҳоят ба ташвиш овардааст…»

АСАРЕ АЗ ВАБО НЕСТ...

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилоъи маркази вогиршиносии вилояти Хатлон, ҳоло дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон нафаре бо нишонаҳои гирифторӣ ба бемории вабо сабти ном нашудааст.

Ҳаким Худойбердиев, сарпизишки маркази мазкур, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, вогиршиносони тоҷик ахиран дар гузаргоҳи марзӣ чанд шаҳрванди Афғонистонро иҷозаи ворид шудан ба хоки Тоҷикистон надоданд, чун вазъи сиҳатии онҳо шубҳабарангез будааст: «Ҳамкорони мо се нафар шахсро дар гузаргоҳи гумрукӣ ёфтанд, ки
Ҳаким Худойбердиев, сарпизишки Маркази вогиршиносии Хатлон

ҳарорати баданашон баланд буд. 2 нафарашон шаҳрванди Афғонистон буданд ва мехостанд ба Тоҷикистон оянд ва як нафар тоҷик ба Афғонистон сафар карданӣ буд. Ҳарду афғонро ба ватанашон бозпас фиристоданд барои муоина кардану табобат карданд. Онҳо бояд табобат гирифта, маълумотнома дар бораи саломат буданашон оранд, то вориди Тоҷикистон шаванд. Мо дар ин бора ҳар ҳафта маълумоти дақиқ мегирем аз ҳамкорони худ, ки дар дидбонгоҳи гумрукӣ кор мекунанд. Умуман, дар 6 моҳ 1200 нафар аз тариқи Панҷи Поён омаду рафт кардаанд. 216 шаҳрванди Тоҷикистон ва 496 нафар хориҷиён, ҳамагӣ 712 нафар берун рафтаанд. Ва ба Тоҷикистон 51 шаҳрванди Тоҷикистон ворид шудаасту 488 хориҷӣ…»

ИМКОНИ ГУСТАРИШИ ВАБО БА ТОҶИКИСТОН

Вале донишмандони тиб таъкид мекунанд, ки дар сурати ҷиддан мубориза набурдан ва ҷилавгирӣ накардан аз вабо, имкони густариши он аз кишвари Афғонистон ба минтақаи ҷанубии Тоҷикистон ҳам воқеӣ ба назар мерасад.

Нусратулло Амиров, раиси маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Хатлон, мегӯяд: «Сари вақт муолиҷа накунӣ, ин беморӣ мекушад одамро. Дарак намеёбӣ, дар ду рӯз фавтидан мумкин. Барои ҳамин мо хавотир ҳастем. Ин зуком нест, ин бемории ҷиддӣ аст. Тоҷикистон, ки дарҳои боз дорад, омаду рафти одамон озод аст, мо манъ карда наметавонем касеро барои рафтан ба хориҷа ё ворид шудан ба кишвари мо. Аммо бояд эҳтиёт буд, ки мабодо як мубталои вабо ба Тоҷикистон ояд, то мо хабардор мешавем, ки дар як муддати кӯтоҳ 10 нафарро сироят карданаш мумкин. Дар ҷануби Афғонистон бемории холера, ки вабо мегӯем,
Нусратулло Амиров, раиси маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Хатлон,

хуруҷ кардааст. Азбаски мо алоқаҳои зичи иқтисодию тиҷоратӣ бо ин кишвар дорем, омадурафт зиёд аст, албатта, эҳтимоли дар Хатлон ҳам пайдо шудани ин беморӣ вуҷуд дорад…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон мегӯянд, изҳори нигаронии шадиди мақомоти Хатлон аз эҳтимоли бурузи вабо метавонад ҳадафи ҷалби сармояи хориҷиро барои анҷоми умури пешгирӣ аз вабо дошта бошад.

НИЁЗ БА САРМОЯГУЗОРИИ ХОРИҶӢ

Он гуна, ки мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон барои мубориза бо зукоми мурғию хукӣ бурсҳои чандинмиллиондолларӣ дарёфта буданд, аммо хуруҷи ин навъҳои беморӣ дар Тоҷикистон ба мушоҳида нарасида буд.

Вале мақомоти беҳдоштии вилояти Хатлон иддао доранд, ки то ҳанӯз аз ҳеҷ институти байналмилалии сармоягузорӣ ё кишварҳои хориҷӣ барои умури ҷилавгирӣ аз вабо ягон дирам дарёфт накардаанд ва ин гуна ҳадафро ҳам пайгирӣ намекунанд.

Ба қавли муаррихон, бори охир хуруҷи саросарии бемории вабо дар Тоҷикистон дар солҳои 70-уми асри гузашта ба қайд гирифта шуда, ҳазорон нафар мубтало гашта буданд.

Пизишкон мегӯянд, дар сурати баландшавии ҳарорати бадан, шикамравӣ ё дилбеҳузурӣ, ки нишонаҳое аз бемории вабо буда метавонад, инсонро мебояд ба зудтарин фурсат ба пизишкон муроҷиат кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG