Пайвандҳои дастрасӣ

Обама дар ҳалли мушкил бо Конгресс аз амрикоиҳо ёрӣ хост


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ҳушдор дод, ки аз афзоиши қарзи дохилии кишвар иқтисод ва барномаҳои иҷтимоӣ осеби ҷиддӣ хоҳанд дид.

Дар як паёми телевизионӣ ӯ аз амрикоиҳо даъват намуд, ки аъзои Конгрессро барои расидан ба созиш дар робита ба боло бурдани лимит ё ҳадди қарзи дохилӣ водор созанд.

Музокироти Обама бо раҳбарони Конгресс дар ин мавзӯъ бидуни натиҷа поён ёфтанд. Агар то рӯзи 2 август ин мушкил ҳаллу фасл нашавад, бори аввал дар таърихи Амрико дефолти техникӣ ба амал хоҳад омад.

Аз ин пеш Сандуқи байнулмилалии пул ҳам аз сиёсатмадорони амрикоӣ даъват карда буд, ки дар мавриди афзоиши ҳадди қарзи дохилӣ ҳарчӣ зудтар тасмим бигиранд.
XS
SM
MD
LG