Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тафсон пешгӯӣ шудааст


Ба иттилоъи Марказҳои ҳавошиносӣ, имрӯз осмони шаҳри Душанбе софу беғубор хоҳад буд ва ҳаво аз 27 то 34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд низ ҳавои гарм дар назар аст, ҳарорат аз 25 то 32 дараҷаи болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳарорати ҳаво то 36 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст.

Дар Хоруғ ҳаво имрӯз ҳавои офтобӣ ва аз 22 то 31 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои гарм дар назар аст ва дар аксар манотиқ ҳарорати ҳаво то 34 дараҷа ва дар ноҳияи Турсунзода то 36 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG