Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи мавсими футбол дар Туркия мавқуф гузошта шуд


Федератсиони футболи Туркия хабар дод, ки мавсими нави футбол на 5 август, балки 9 сентябр шурӯъ мешавад. Масъулин ин тасмимро бо моҷарои атрофи бозиҳои “фурӯхташуда” рабт доданд.

Додрасҳо дар робита ба ин қазия аллакай дар бораи боздошти 31 нафар ба шумули Азиз Йилдирим, раиси клуби футболи “Фенербахче”, қаҳрамони феълии футболи Туркия, ва ҳамчунин мураббиҳои дастаҳои маъруфи “Бешиктош” ва “Трабзонспор” тасмим гирифтаанд.

Ба гуфтаи муфаттишон, дар маҷмӯъ дар мавсими гузашта 19 бозии “фурӯхташуда” баргузор шудааст ва агар баъзе дастаҳо бозиҳоро тавассути пардохти ришват бурда бошанд, баъзе дастаҳои дигар аз таҳдид ба ҳарифон кор гирифтаанд.

Ҳукумати Туркия ваъда додаст, ки бо ин ҳама аъмоли дур аз варзиш муборизаи беамон мебарад. Се моҳ пеш дар кишвар қонуне қабул шуд, ки бар пояи он барои созиши пешакӣ ё хариду фурӯши бозиҳои футбол 12 соли ҳабс пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG