Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кристиансен: Брейвик мавриди шубҳа қарор гирифта буд


Мардум барои қурбониён ашк мерезанд
Мардум барои қурбониён ашк мерезанд
Масъулини хадамоти амниятии Норвегия хабар доданд, ки гумонбар дар ташкили ду ҳамлаи террористӣ Андерс Брейвик ҳанӯз моҳи март, замони харидории маҳсулоти номаълум аз як корхонаи кимиёвии Лаҳистон, таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб карда буд.

Раҳбари хадамот Ян Кристиансен гуфт, ки онҳо он замон барои тафтиши ин хариду фурӯши машкук иттилои кофӣ зери даст надоштанд.

Дирӯз дар маросими ёдбуд дар Осло беш аз сад ҳазор нафар сокинони Норвегия, аз ҷумла, нахуствазир Йенс Столтенберг ширкат доштанд. Зӯҳр ҳама қаторҳои Норвегия ба ёд қурбониёни ҳамлаҳои террористии рӯзи ҷумъа барои як дақиқа аз ҳаракат бозмонданд, биржаи Осло низ кори худро мутаваққиф намуд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ Андрес Брейвик худро дар куштори одамон масъул донист ва аммо гуфт, ки худро айбдор намехонад.

Бар асари ду ҳамлаи террористӣ – дар шаҳри Осло ва дар ҷазираи Утойя дасти кам 76 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG