Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезӣ ҳазорон сокинони Ганаро аз манзил берун кард


Дар шарқи Гана бар асари обхезӣ тақрибан даҳ ҳазор нафар манзилҳои худро тарк намуданд. Офати табиӣ ба риштаи умри чаҳор нафар миқроз зад.

Як намояндаи бунгоҳи ҳолатҳои изтирории кишвар дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки авзоъ хело сангин аст, зеро рӯдхонаи бузурги Бирим аз соҳилҳо берун шудааст.

Мақомоти Гана афроди аз обхезӣ фироркардаро дар мактабу ибодатгоҳҳо ҷой мекунанд.
XS
SM
MD
LG