Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА мубориза бо ҷинояткории муташаккилро таҳким мебахшад


Ҷон Бреннан

Ҷон Бреннан

Дар ИМА стратегияи нави мубориза бо ҷинояткории муташаккили байнулмилалиро муаррифӣ шуд.

Дар ин санад дар бораи зарурати эъмоли таҳримҳо болои афроде, ки бо ҷинояткорон аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ, Ҷопон, Мексика ва Италия робита доранд, таъкид шудааст.

Ҷон Бреннан, мушовири раисиҷумҳури Амрико дар масоили амнияти дохилӣ, зимни муаррифи стратегияи нав гуфт, ки "дар 15 соли гузашта гурӯҳҳои трансмиллии ҷиноӣ таҳким ёфта ба иттиҳодҳои нерӯманд табдил шуданд. Аъзои он барои анҷоми амалиёти ғайриқонунии бесобиқа, ки ҷомеъаро ноором сохта ба мардум дар сартосари ҷаҳон таҳдид мекунанд, ҷалб мешаванд".

Гуфта мешавад, ки стратегияи нав ба татбиқи қавонини ИМА ва коҳиши тавони молиявии гурӯҳҳои ҷиноӣ дар сартосари олам мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG