Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Триполӣ НАТО-ро дар куштори мардум айбдор кард


Мақомоти Либия Паймони НАТО-ро дар ҳалокати чандин нафар бар асари бомборони бемористони низомии шаҳри Злитен, воқеъ дар шарқи Триполӣ, айбдор карданд. Низомиёни баландпояи НАТО гуфтанд, ки ба ин иттиҳом баъдан посух хоҳанд гуфт.

Ҳадафи асосии амалиёти байнулмилалӣ дар Либия дифоъ аз мардуми осоишта аз хушунати режими Муаммар Қаззофӣ эълон шудааст.

Раиси кумитаи сарони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи ИМА Майк Маллен ахиран авзоъ дар Либияро “бунбастӣ” арзёбӣ намуд ва ба зарурати аз қудрат даст бардоштани Қаззофӣ таъкид намуд.
XS
SM
MD
LG