Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, ва дигар шаҳрҳои кишвар садҳо ҳазор нафар дар намоишҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ ширкат намуданд.

Сарвари қабилаи бонуфузи ҳашид – шайх Содиқ ал-Аҳмар аз артиш даъват намуд то алайҳи чанд ҳазор донишҷӯ, ки дар канори донишгоҳи Санъо хайма задаанд, аз нерӯ кор нагирад. Ба гуфтаи фаъолони мухолифин, артиш барои ҳамла ба ин шаҳраки хаймаҳо омодагӣ мегирад.

Дирӯз мухолифин пешниҳоди ҳукумат барои доир намудани музокирот ва коҳиш додани шиддати вазъият дар кишварро рад карданд.
XS
SM
MD
LG