Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брейвик барои 8 ҳафта боздошт шуд, шумори қурбониҳои ҳамлаҳои Норвегия коҳиш ёфт



Андерс Беҳринг Брейвик, муттаҳами 32-солаи куштори фоҷеабори Норвегия ҳашт ҳафта дар боздошт мемонад ва чаҳор ҳафтаи аввал дар инзиво қарор хоҳад гирифт. Дар ин бора Қозӣ Ким Ҳегер дар нишасти матбуотии баъди муҳокимаи додгоҳӣ дар Осло хабар дод ва аз ҷумла гуфт, ки муттаҳам ба корҳои кардааш иқрор кард:

“Бо ин вуҷуд, ки айбдоршаванда паёмадҳои амалҳои худро дарк мекунад, вале худро гунаҳгор намеҳисобад. Аз рӯи фаҳмиши додгоҳ, айбдоршаванда бовар дорад, ки вай мебоист ин корҳоро ба хотири, ба қавли ӯ, наҷоти Норвегия ва Аврупои Ғарбӣ аз Марксизми фарҳангӣ ва ҳуҷуми мусалмонҳо анҷом додааст”.

Аз рӯи иттилои муқаддамотӣ, муттаҳам узви як созмони зиддиисломӣ будааст ва дар анҷоми ҳамлаҳои ахир бо кӯмаки дигарон амал кардааст.
Дар ҳамин ҳол полис хабар дод, ки баъди ҳисобу китоби дақиқ шумори қурбониҳои таркиши бомба дар беруни сохтмони ҳукумат ба 8 нафар расида, вале шумори нафароне, ки чанд соат баъдаш дар қароргоҳи тобистонаи ҷазираи Утоя кушта шуданд, то 68 нафар коҳиш ёфт.
XS
SM
MD
LG