Раҳбари пешини сербҳои Хорватия Горан Ҳаҷич имрӯз дар баробари додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷангии Югославияи собиқ дар Гаага гуфт, ки иттиҳомоти зидди ӯ воридшударо қабул надорад. Иттиҳомоти Ҳаҷичи 52-сола марбут ба нақшаш дар ҳодисаҳои солҳои 1991-1995-и ҷанги Хорватия мебошад.
Ҳаҷичро додгоҳ барои даст доштан дар хароб кардани шаҳри Вуковар ва қатли оми 250 зиндонӣ аз ҷониби нирӯҳои сербҳои Хорватия мебошанд. Шаҳрдори Вуковар Зелко Сабо, собиқ узви бригадаи озодихоҳи Вуковар дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:
“Ҳанӯз ҳам ҳудудан 400 нафар беному нишон маҳсуб мешаванд. Аъзои оилаи онҳо умед доранд, ки дараки онҳо пайдо мешавад. Онҳо умед доранд, ки дар ҷараёни мурофиаи Ҳаҷич дараки волидон, бародарон ва дӯстони худро пайдо хоҳанд кард.
Мо дар Вуковар бо худи Ҳаҷич рӯбарӯ шуда будем ва медонем, ки вай дар анҷоми ин корҳо танҳо амал карда наметавонист. Нафарони хеле зиёди гунаҳгор дар он корҳо дар озодӣ ба сар мебаранд. Ман интизори ба даст омадани ҳақиқат ва адолат ҳастам”.
Ҳаҷич охирин нафаре буд, ки дар робита бо ҷанги Балкан мавриди ҷустуҷӯи трибунали Гаага будааст.