Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Куштор ба хотири наҷоти Норвегия"?


Брейвикро ба додгоҳ интиқол медиҳанд
Брейвикро ба додгоҳ интиқол медиҳанд
Андерс Беринг Брейвик, муттаҳами 32-солаи куштори фоҷеабори беш аз 90 нафар дар Норвегия дар додгоҳи Осло ба гуноҳҳояш иқрор кард. Қозӣ Ким Ҳегер дар нишасти матбуотии баъди муҳокимаи додгоҳӣ дар Осло гуфт:

“Бо ин вуҷуд, ки айбдоршаванда паёмадҳои амалҳои худро дарк мекунад, вале худро гунаҳгор намеҳисобад. Аз рӯи фаҳмиши додгоҳ, айбдоршаванда бовар дорад, ки вай мебоист ин корҳоро ба хотири, ба қавли ӯ, наҷоти Норвегия ва Аврупои Ғарбӣ аз Марксизми фарҳангӣ ва ҳуҷуми мусалмонҳо анҷом додааст”.

Додгоҳ, ки 35 дақиқа идома дошт, дар пушти дарҳои баста баргузор шуд. Ҳегер инчунин гуфт, ки Брейвик дар мурофиаи имрӯза иқрор кардааст, ки ҳамроҳ бо ду гурӯҳи дигар ин корҳоро анҷом додааст. Полис ҳоло машғули таҳқиқи ин гуфтаҳо мебошад. Аз рӯи иттилои муқаддамотӣ, муттаҳам узви як созмони зиддиисломӣ будааст.

Муфаттишон мегӯянд, ки қабл аз шурӯи муҳокимаҳои додгоҳӣ, Брейвик бояд ҳашт ҳафтаро дар боздоштгоҳ сипарӣ кунад.
Дар он рӯз Брейвик аз роҳи таркиши бомба 7 нафарро дар беруни сохтмони ҳукуматӣ ва 86 танро дар як қароргоҳи тобистонаи ҳизби ҳокими кор ба қатл расондааст.
XS
SM
MD
LG