Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари паҳншавии вабо дар манотиқи марзии Афғонистон


Тифли гирифтори вабо дар ҷануби Афғонистон
Тифли гирифтори вабо дар ҷануби Афғонистон
Пизишкони вилояти Хатлон аз эҳтимоли бурузи бемории вабо дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон амиқан изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳоло дар Афғонистони ҳаммарз хуруҷи бемории кушандаи вабо мушоҳида мешавад. Шералӣ Бузмаков, сардори идораи ҳифзи тандурустии вилояти Хатлон, бо пахши баёнияе дар ин иртибот гуфт, ҳоло чанд гурӯҳи вижаи пизишкон машғули таҳқиқи авзоъи беҳдоштӣ дар навоҳии марзии Тоҷикистон буда вобаста ба гузориши ин гурӯҳҳои корӣ, давлати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз пайдоиши вабо тадбирҳо хоҳад андешид.

Ҷаноби Бузмаков афзуд, ҳоло тамоми бемористонҳои шаҳру навоҳии Хатлон, тибқи дастури вижаи мақомоти минтақа, дар ҳоли омодабош қарор доранд. Чандин ноҳияи ҷанубии Тоҷикистон бо ҷумҳурии исломии Афғонистон сарҳади муштарак дошта, нигаронии мақомоти вилояти Хатлон марбути хабарҳои расида аз музофоти Қандаҳори Афғонистон аст, ки манбаъи хуруҷи бемории вабо дониста мешавад. Бар асоси иттилоъи расонаҳои афғонӣ, шумораи мубталоёни вабо дар Афғонистон ба ҳазорон нафар расидааст.

Носирҷон Маъмурзода
XS
SM
MD
LG