Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои озмуни “Ман дар СССР зистаам”


Баҳси доварони озмун
Баҳси доварони озмун

Ғолибони озмуни беҳтарин хотира ва аксҳо таҳти унвони “Ман дар СССР зистаам” муайян шуданд.

Аз ҳамаи барандагон ва муаллифони 10-гонаи беҳтарин матнҳову аксҳо даъват мекунем, рӯзи чоршанбеи 27-уми июл, соати 10:00 дар маросими тақдими ҷоизаҳои Радиои Озодӣ ба дафтари он дар шаҳри Душанбе қадам ранҷа намоянд.

Ба муаллифони 10 матн ва 10 акси беҳтарин ҷоизаҳои хотиравии Радиои Озодӣ тақдим хоҳанд шуд, биноан, ҳузури онҳоро низ хоҳиш дорем. Агар ин муаллифон дар шаҳрҳои дур ба сар мебурда бошанд, лутфан, намояндаи худро барои ширкат дар маросим бифиристанд.

БАРОИ БЕҲТАРИН МАТНҲО

Рӯзи 25-уми июли соли 2011 ҳайати доварони мустақил дар шаҳри Душанбе бо натиҷагирӣ аз озмуни беҳтарин хотираҳои “Ман дар СССР зистаам” муаллифони зеринро баранда эълон кард:

Ҷои аввал ба Хушомад Алидодов, сокини шаҳри Хоруғ, барои хотираи “Баробарӣ баробари бародарист”


Ҷои дувум ба Наҷмиддини Шоҳинбод барои қиссаи "Ҷосуси шӯравӣ" ва таронаи «Шомгоҳони назди Маскав”


Ҷои савум ба Муҳаммадюсуфи Шодӣ барои хотираи “Барф борад, баъд мўза мепўшам”


Ба барандаи ҷои аввал як компютери нетбук, ҷои дувум диктофони журналистӣ ва савум телефони мобили дорои дастгоҳи аккосӣ тақдим мешавад.

БАРОИ БЕҲТАРИН АКСҲО

Як ҳайати алоҳидаи доварони мустақил ҳамин тавр аксҳоеро, ки ба озмуни “Ман дар СССР зистаам” пешниҳод шудаанд, арзёбӣ кард ва ба чунин натиҷаҳо расид:

Ҷои аввал ба Дилшод Раҳимов, сокини ноҳияи Ҳисор, барои акси “Хаткашони деҳаи мо”


Ҷои дувум ба Сиддиқ Нилобеков барои акси "Трибун”


Ҷои савум ба Саттор, сокини шаҳри Душанбе барои акси “Мо ва Ил-18”


Якояки барандагони озмунро самимона табрик мегӯем ва аз ҳамаи ширкатдорони сабқат сипосгузорӣ мекунем, орзу дорем, дар озмунҳои оянда пирӯз шаванд. Нишонии имейли ҳамаи барандагонро дорем, ба истиснои Саттор, ки хоҳиш мекунем, аз худ хабар диҳад ё онҳое, ки ӯро мешиносанд, барояш иттилоъ расонанд.

Ҳамчунин ташаккур мекунем аз доварони азиз, ки пас аз баҳсҳои тӯлонӣ ва пуршӯр, ки гоҳе то ба дилозориҳо расидаанд, тавонистанд, дар байни ин қадар маводи хубу арзанда ба натиҷаҳои умумӣ бирасанд. Онҳo иқрор мекунанд, аксари кулли матолиби озмун ҷолиби диққат ва арзандаи ҷоиза буданд.

Аз рӯзи мунташир шудани ҳар яке аз матн ва аксҳо мо аз хонандагони арҷманд даъват кардаем, ки фикру андешаи худро дар бораи ин мавод бинависанд. Шарҳи хонандагон дар тасмимгирии доварон то андозае таъсир дошт, зеро таваҷҷӯҳи онҳоро ба ин ё он ҷанбаи асари пешниҳодӣ ҷалб намуд. Ҳамчунин дар назарсанҷиҳои махсус даҳгонаи мунтахаби доварон ҳам акс ва ҳам матн ба баҳодиҳии хонандагон пешниҳод гашт.

Барои дидани ҷамъи акс ва матнҳо ба ин сафҳаи махсуси озмун ворид шавед.


Дар ҳоле ки як қисми хонандагон аз доварон даъват карданд, ки ба шарҳу номаҳо ва натиҷаҳои раъйгирӣ диққат надиҳанд, бархи дигар мегуфтанд, ин арзишёбиҳо низ ба эътибор гирифта шаванд. Аммо ҷараёни баҳсу мунозира нишон медиҳад, ки доварон сирфан бо такия ба фаҳмиш ва завқи худ тасмимгирӣ кардаанд.

Бахшҳое аз ҷараёни баҳсу мунозираҳоро дар ин видео бубинед. Дар ин навори видео ҳамчунин хоҳед дид, ки сарони ҳайатҳо барандагонро эълон мекунанд ва сабаби чунин тасмимҳоро кӯтоҳ шарҳ медиҳанд.

Натиҷаҳои озмуни "Ман дар СССР зистаам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00
Линки мустақим


Ҳамин тариқ, озмуни “Ман дар СССР зистаам” ба поён расид. Аммо як кори дигар мондааст, ки нашри китобе бо ин ном дар пеш аст ва ҳамаи маводе, ки расидааст, дар ин китоб мунташир шуда, нусхаҳои он ба муаллифон фиристода хоҳад шуд. Бори дигар аз заҳмати ҳамаи ширкаткунандагони озмун сипосгузорӣ ва ҳамчунин аз доварон барои хидматашон ташаккур мекунем.

Барои таъмини шаффофият ва бино ба дархости бархе аз ширкаткунандагони озмун ин ҷо номи доваронро мунташир мекунем:

Пайванди Гулмурод, устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Баҳманёр, нависандаи саршиноси тоҷик
Раҷаби Мирзо, журналисти мустақил
Зафар Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи “Озодагон”
Ҳумайрои Бахтиёр, журналист
Абдулазизи Восеъ, журналист ва блогнавис
Тухтамурод Рӯзиев, аксбардор
Нозим Қаландаров, аксбардор
XS
SM
MD
LG