Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ҷазо барои шиканҷа дар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҷиноии кишвар мехоҳанд барои шиканҷаву азияти инсон муҷозот ҷорӣ кунанд. Бино ба иттилои додситони кулли Тоҷикистон, ки масъули пешниҳоди тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноии кишвар аст, дар баробари таҳрир ёфтани баъзе моддаву бандҳои қонун, инчунин қарор аст моддаи махсусе барои муҷозоти муттаҳамони шиканҷаву бадрафториҳо ҷорӣ шавад. Бино ба иттилои Зариф Ализода, Омбудсмени Тоҷикистон, қисми муҳими шикоятҳои шаҳрвандон, ки ба дафтари масъули ҳуқуқи инсон мерасад, марбут ба шиканҷаву азияти боздоштшудаҳо ва зиндониҳо мебошад. Танҳо дар соли ҷорӣ, ду нафар, аз ҷумла Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе бар асари лату кӯби милиса даргузашт. Ин ҳодисаҳо, ки дастраси матбуот шуданд, дар ҷомеа сару садои зиёд пайдо карданд.
XS
SM
MD
LG