Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбинии муҷозот барои шиканҷа


Лоиҳаи қонун дар бораи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ, барои шиканҷа ва бадрафторӣ алайҳи инсон муҷозот пешбинӣ мекунад.

Маризо Халифаев, аз Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ин тағйироту иловаҳо барои мутобиқ кардани қонунгузорӣ ба меъёрҳои байнулмилалӣ кӯмак мекунанд.

МУҶОЗОТ БАРОИ ШИКАНҶА ВА БАДРАФТОРӢ

Вай афзуд, ба ин хотир дар чанд моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағйирот ва ҳам моддаи алоҳида илова мешавад: «Кӯшиш кардем, ки бо ворид кардани моддаи алоҳида ба Кодекси ҷиноӣ дар бораи шиканҷа низ ба ин масъала рӯшанӣ андозем, то дар амалия ҳангоми тафтишот нофаҳмиҳо ба вуҷуд наоянд. Мо боварӣ дорем, ки ин масъала рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад.»

МАВОРИДИ ШИКАНҶА ДАР БОЗДОШТГОҲҲО

Сӯҳбатҳо дар бораи ворид кардани моддаи махсус дар бораи шиканҷа ва бадрафторӣ дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ҳолест, ки тайи як соли равон ҳангоми тафтишот бар асари шиканҷа, камаш як боздоштшуда ва як маҳбус фавтиданд.
Сафаралӣ Сангов

Сафаралӣ Сангов, сокини Душанбе ба иддаои наздиконаш аз латукӯби кормандони милиса ҷон бохт ва ба қавли мақомот, маҳбус Исмоил Бачаҷонов дар боздоштгоҳ аз дасти кормандони маҳбас ба ҳалокат расидааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, барҷаста шудани ин ду маврид шиканҷаву бадрафторӣ - воқеиятҳои тафтишоти расмӣ дар Тоҷикистонро расонаӣ кард ва далели раднашавандае барои ҳомиёни ҳуқуқи башар шуд, ки аз қабл мехостанд таваҷҷӯҳи мақомотро ба ин мушкил ҷалб кунанд.

ШИКАНҶА -ШЕВАИ КОРИ МАҚОМОТИ ТАФТИШОТӢ?

Ба қавли онҳо, шиканҷаву бадрафторӣ яке аз шеваҳои кори мақомоти тафтишотӣ аст, ки бо қавонини байнулмилалӣ, бахусус Эъломияи СММ алайҳи шиканҷаву бадрафторӣ мухолифат мекунад. Парлумони Тоҷикистон ин эъломияро соли 1995 ба тасвиб расонида буд, аммо дар Кодекси ҷиноии кишвар барои муҷозоти ин ҷароим моддае вуҷуд надорад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00
Линки мустақим


Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъ мегӯяд, дар гузашта онҳое, ки даст ба шиканҷаву бадрафторӣ мезаданд, аз рӯи моддаҳои 314-сӯистифода аз мансаб ва 316-баромадан аз

ҳадди ваколати хизматӣ муҷозот мешуданд: «Акнун ҷазо сахттар мешавад. Аксар ҳолатҳо онҳое, ки ба ин ҷиноятҳо даст мезаданд, ҷазоҳои ғайриҳабсӣ ё сабук мегирифтанд. Аммо вақте, ки бо ду модда-ҳам баромадан аз ҳадди ваколат ё сӯистифода аз мақом ва ҳам шиканҷа гунаҳкор мешаванд, ҷазо сахттар мешавад.»

ҚОНУНИ ДАХЛДОР БА "ПОЁН" НА "БОЛО"

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон бар инанд, ки дар амал ин модда бештар ба «поён» дахл хоҳад кард, на «боло». Ба қавли онҳо, таҷрибаи нодида гирифтани қонунҳо, қабл аз ҳама аз сӯи мақомоти масъул дар Тоҷикистон он гуна роиҷ гаштааст, ки намешавад ба амалӣ шудани онҳо бовар кард.

Шӯҳрат Қудратов, коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, шиканҷа бештар дар боздоштгоҳу зиндонҳо ба назар мерасад, аммо ҳоло аз мавҷудияти он дар миёни мардум низ сӯҳбат мешавад: «Вақтҳои охир шаҳрвандон аз рӯи шиканҷа дар хона, ҷои кор ё дигар ҷойҳо зиёд шикоят мекунанд ва шояд додситонӣ ҳам ба чунин хулоса расид, ки ҳамчунин як модда дар Кодекси ҷиноӣ бошад. Ба назари ман, ин модда бояд соли 1997 ҳангоми омода кардани лоиҳаи Кодекси ҷиноӣ бояд қабул карда мешуд.»

Коршиносон ба дарозо кашида шудани раванди ворид кардани моддаи шиканҷа дар Кодекси ҷиноиро ба воқеиятҳое вобаста медонанд, ки тайи 20 соли ахир дар Тоҷикистон ҳукмфармо буданд. Ба қавли онҳо, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ба ин сӯ зарурати бо шиканҷаву истинтоқ ба дӯши гумонбар гузоштани иттиҳомот вуҷуд дошт ва бо ҳамин роҳ ҳукумат аз мухолифину афроди барои низом хавфнок халос мешуд.

БОЗДИДИ ҲАМЕШАГӢ АЗ ЗИНДОНҲО ИМКОНПАЗИР МЕГАРДАД?

Аммо Паём Фурӯғӣ, коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, расидагӣ ба мушкили шиканҷа дар Тоҷикистон то имзо шудани протоколи ихтиёрии марбут ба Эъломияи СММ
Паём Фурӯғӣ, коршинос дар умури ҳуқуқ

алайҳи шиканҷаву бадрафторӣ пурра нахоҳад шуд: «Мутаассифона, ин протоколи ихтиёрии зидди шиканҷа имзо нашудааст. Хубии ин протокол ин аст, ки барои ба вуҷуд омадани як механизми миллии зидди шиканҷа ба вуҷуд ояд. Яъне чӣ? Бо қарордод ва тавофуқи СММ ва ҳукумати кишвар дафтари Омбудсмен ва созмонҳои ғайридавлатӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд, ҳар вақте ки хоҳанд ба тариқи иттифоқӣ, муштарак ба боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо ворид шаванд.»

Маризо Халифаев, аз Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи имзои ин протокол низ дар дафтари раисҷумҳури Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, эҳтимол дорад имзои ин протокол низ ба дарозо кашида шавад ва ҳам як фосилаи дигари замонӣ барои роҳандозии механизми миллии зидди шиканҷа сипарӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG