Пайвандҳои дастрасӣ

Қотили журналисти арманӣ дар Туркия ба 23 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи Истанбул имрӯз муттаҳами аслии ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони журналисти арманитабор Ҳрант Динкро ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ҳайати доварон ҳукм карданд, ки муттаҳами аслӣ Огун Самаст журналистро моҳи январи соли 2007 дар беруни дафтари кориаш куштааст. Динк, ки сардабири ҳафтаномаи дузабонаи туркиву армании “Агос” буд, бо доман задани масъалаи куштори арманиҳо дар оғози қарни 20-ум ва ба унвони қатли оми арманиҳо ёд кардани он ҳодисаҳо гурӯҳҳои миллатгароро ба хашм овардааст. Туркия ҳодисаҳои солҳои ҷанги якуми ҷаҳонро чун қатли оми арманиҳо эътироф намекунад. Самаст, ки дар қатли журналист иқрор шудааст, ҳангоми содир шудани ҷиноят 17 сол дошту бекор буд. Дар оғоз додгоҳ ӯро ба ҳукми абади зиндон маҳкум кард, вале баъдан бо назардошти ноболиғ будани ӯ, ҳукми ӯро тағйир дод.
XS
SM
MD
LG