Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади ҳама қурбониҳои фоҷеаи "Булгария" аз об берун кашида шуд


Имрӯз Русия хабар дод, ки тамоми 122 ҷасади қурбониҳои киштии ғарқшуда аз об берун кашида шуд. Вазорати ҳолатҳои изтирории минтақавӣ гуфт, ки бар асари фоҷеае дар обҳои Волга рӯзи 10 июл 72 зан, 28 кӯдак ва 22 мард ҷони худро аз даст доданд. Киштии ғарқшуда бо номи “Булгария” 56 сол пеш сохта шуда, харобшавии мотори он боис ба сар задани фоҷеа шудааст. Сабаби дигар, аз меъёр зиёд будани мусофирони киштӣ гуфта мешавад, ки бидуни асноди зарурӣ саёҳат мекард. Муфаттишон то имрӯз чанд масъули ин киштиро боздошт карданд, ки ба ҳар яки онҳо то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Як қисми киштии ғарқшудаи “Булгария” ҳафтаи гузашта аз об берун бароварда шуд.
XS
SM
MD
LG