Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амрико ба пойгоҳи доимӣ дар Афғонистон манфиатдор нес"


Сафири нави Иёлоти Муттаҳида дар Кобул гуфт, Амрико манфиатдор нест, ки дар хоки Афғонистон пойгоҳҳои доимии низомӣ дошта бошад. Раян Крокер, сафири нави Амрико гуфт:

“Мо манфиатдор нестем, ки дар Афғонистон пойгоҳҳои доимоамалкунанда дошта бошем. Ин гапро президент ва вазирони хориҷаву дифоъ гуфтанд. Ман ҳам инро такрор мекунам. Мо ин ҷо ҳар қадар, ки лозим шуд, вале на як рӯз беш, хоҳем монд”.

Изҳороти Раян Крокер дар соатҳои аввали баъди таъини ӯ ба мақоми сафири Амрико дар Кобул пахш шуд. Вай инчунин гуфт, ки ИМА намехоҳад Афғонистонро ба унвони майдони нуфузи ҳамсоякишварҳояш истифода кунад. Ҳоло Вашингтон бо ҳукумати Афғонистон нақши Амрикоро баъди соли 2014, яъне дар паи аз хоки ин кишвар рафтани нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида баррасӣ дорад.
XS
SM
MD
LG