Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимур Қулибоев - ҷойгузини эҳтимолии Назарбоев?


Дар сурати пеш омадани ҳолати фавқулодда дар ҳукумати Қазоқистон, масъулияти раҳбарии ин кишварро домоди раиси ҷумҳурӣ Тимур Қулибоев ба ӯҳда гирифта метавонад, гуфт дар сӯҳбат бо нашрияи русии “Коммерсант” мушовири Нурсултон Назарбоев. Ёрмуҳаммад Ертишбоев дар мусоҳибаи имрӯз чопшуда мегӯяд, ки Тимур Қулибоев метавонад хатти маши президентро идома бидиҳад ва чун иқтисодшисе, ки донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст, таҷрибаи бои раҳбариву мудириятро касб кардааст. Қулибоев ҳоло раҳбарии бунёди миллии “Самрук Хазина”-ро ба ӯҳда дошта, дар гузашта дар вазифаи раиси вилоят кор кардааст. Сӯҳбатҳо дар мавриди ҷойгузини эҳтимолии президенти Қазоқистон баъди он гарм шуд, ки ба матбуот аз Ҳамбурги Олмон хабарҳои марбут ба гирифтори саратон шудани Нурсултон Назарбоев роҳ ёфт. Вале Ёрмуҳаммад Ертишбоев гуфт, ки президенти 71-солаи Қазоқистон “танҳо аз муоинаи аз қабл барномарезишуда” гузашта, ҳоло бардаму солим ва сари кор аст.
XS
SM
MD
LG