Пайвандҳои дастрасӣ

Барои нахустин бор коргари меҳмонхонае, ки раҳбари пешини Сандуқи Байналмилалии Пул Доминик Стросс-Канро дар кӯшиши таҷовуз ба номусаш айбдор карда буд, бо матбуот ҳамсӯҳбат шуд. Нафисат Диало, ки зодаи Гвинеяи Африқо аст, дар сӯҳбат бо маҷаллаи амрикоии "Newsweek" ва телевизиони ABC News гуфт, ки мехоҳад, Стросс-Кан ҳатман барои гуноҳҳои кардааш ба зиндон андохта шавад. Диалои 32-сола гуфт, баъди он ки муфаттишон ба гуфтаҳои ӯ шубҳа карда Стросс-Канро аз ҳабси хонагӣ озод карданд, вай маҷбур шуд, ки бо матбуот сӯҳбат кунад. Ҳафтаи оянда мурофиаи навбатии судии ин парванда дар назар аст.
XS
SM
MD
LG