Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳзаи сукути сокинони Норвегия ба хотири даҳҳо қурбонии ҳамлаҳои террористӣ


 Андерс Беҳринг Брейвик - масъули ҳамла
Андерс Беҳринг Брейвик - масъули ҳамла
Сокинони Норвегия ба хотири қурбониҳои ҳамлаҳои маргбори рӯзи 22 июл, ки беш аз 90 нафарро кушта бар ҷой гузошт, лаҳзае сукут карданд. Имрӯз муттаҳами аслии куштори фоҷеабор Андерс Беҳринг Брейвик қарор аст дар додгоҳи Осло барои шунидани шарту шурути боздошти ӯ ҳозир шавад. Муфаттишон дархост кардаанд, ки мурофиаи судӣ пушти дарҳои баста баргузор шавад.
Полис ва вакили мудофеи Брейвик гуфтанд, ки ин марди 32-сола иқрор кардааст, ки дар як ҳодисаи бомбгузорӣ дар беруни сохтмони ҳукумат ва дар паи тирандозии дигар дар қароргоҳи тобистона 96 нафарро куштааст. Лагери тобистонаи мазкур аз ҷониби бахши ҷавонони ҳизби коргари Норвегия ташкил шудааст. Брейвик ба муфаттишон гуфтааст, ки ин амали хушунатборро батанҳоӣ дар давоми чандин сол тарҳрезӣ ва анҷом дода, худ бо гурӯҳҳои зиддиисломӣ иртибор доштааст.
XS
SM
MD
LG