Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҳизби сиёсии Русия пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирони корӣ бояд забони русӣ ва таърихи ин кишварро биомӯзанд.

“Справедливая Россия” мегӯяд, дар чунин ҳолат муҳоҷирон метавонанд, ки зудтар дар ҷомеаи Русия мавқеи худро пайдо кунанд ва ҷомеаи Русия низ бо осонӣ метавонад бо онҳо кор кунад.
Онҳо нерӯи корӣ мебошанд ва ба мо кӯмаки муҳим мерасонанд, ҳам дар иқтисод ва ҳам дар зиндагии рӯзмарраи пойтахти Русия. Барои ҳамин касе дар ин ҷо ҳузури онҳоро рад намекунад...


Ин пешниҳодро Александр Агеев, раҳбари ҳизби “Справедливая Россия” дар шаҳри Маскав матраҳ кардааст. Дар як мусоҳибаи телефонӣ аз ҷаноби Агеев моҳияти ин пешниҳодашро пурсидем.

"БЕГОНАГИРО АЗ БАЙН МЕБАРАД"

Александр Агеев: "Мо пешниҳод мекунем, ки муҳоҷирони корӣ дар марказҳои махсус дар кишварҳои худ забон ва таърихи кишвари мо-Русияро биомӯзанд. Бар асоси таҷрубаи ҷаҳонӣ, онҳо ин корро аз ҳисоби худ дар кишвари худ анҷом медиҳанд. Онҳо дар ин марказҳо имтиҳон месупоранд ва соҳиби санади махсус мешаванд. Сипас ин ҳуҷҷатро ба бахши муҳоҷирати сафорати Русия дар кишвари худ пешниҳод мекунанд, то сафари худро ба Русия ҳамоҳанг ва санадҳои заруриро омода созанд.
Александр Агеев

Мо бар ин назарем, ки ин пешниҳоди мо ба муқаррароти байналмиллалӣ ва таҷрубаҳои мавҷуда дар ҷаҳон мутобиқат мекунад ва ин пешниҳод ба намояндагони кишварҳои дигар, ба ононе, ки дар ҷустуҷӯи кор ба ин ҷо меоянд, фақат кӯмак мекунад, то онҳо ҳар чӣ зудтар бо мардуми мо унс бигиранд, бо фарҳанги мо ва бо таърихи мо зудтар ошно шаванд. Бегонагие, ки миёни онҳо ва ҷомеаи мо вуҷуд дорад аз байн меравад. Ба фикри мо, чунин кор барои ҳар шахсе, ки ин ҷо ба кор меояд, судманд хоҳад буд. Муттаассифона, сӯитафоҳумҳо низ вуҷуд дорад. Барои муҳоҷирони корӣ донистани фарҳанг, забон ва таърихи кишвари мо кор ва зиндагиро хеле осон мекунад."

"АНҶОМИ ИН КОР МУШКИЛӢ НАДОРАД"

Озодӣ: Дар муроҷиати ҳизби “Справедливая Россия” бештар ба муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон таваҷҷӯҳ мешавад. Фикр мекунед, ки ин кишварҳо имконоти иқтисодии ташкили чунин марказҳоро доранд?

Александр Агеев: "Мо намегӯем, ки бояд ин кор аз имрӯз шурӯъ шавад. Мо мегӯем, ки ба чунин кор бояд омодагӣ гирифт ва чунин марказҳо бояд ташкил шаванд. Фикр мекунам, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа барои кишварҳои Шӯравии собиқ анҷоми чунин кор мушкилӣ надорад, чунки мо то ҳол аз зиндагӣ дар ҷомеаи муштараки Шӯравии собиқ хотироте дорем, он вақт забони давлатӣ забони русӣ буд. Мо дар мактабҳо ин забонро меомӯхтем. Аз он вақт то ҳол вақти зиёд сипарӣ нашудааст. Танҳо 20 сол гузаштааст. Ба назари ман, дар ин кишварҳо анҷом додани чунин кор осонтар аст, дар муқоиса ба кишварҳои дигар."

Озодӣ: Ин пешниҳоди шумо танҳо барои муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Маскав тааллуқ дорад ё барои тамоми Русия?

Александр Агеев: "Барои тамоми Русия аст."

Озодӣ: Ҳоло муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав аслан дар кадом бахшҳо кор мекунанд?

Александр Агеев: "Онҳо аслан дар бахшҳои тиҷорат, сохтмон ва дар хадамоти маишӣ кор мекунанд. Дар ин бахшҳо, ба фикри ман, пеш аз ҳама донистани забон зарур аст. Вале кор дар бахшҳои маишӣ, дастикам, донистани фарҳангу таърих дар сатҳи ҳадди ақалро низ тақозо мекунад."

"МО БО ҲАМДИГАР УНС ГИРИФТАЕМ"

Озодӣ: Ба назари шумо кори муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сокинони Маскав писанд аст?

Александр Агеев: "Фикр мекунам, ки мо бо якдигар дар Маскав сахт унс гирифтаем ва ин кор барои Маскав зарур аст. Онҳо нерӯи корӣ мебошанд ва ба мо кӯмаки муҳим мерасонанд, ҳам дар иқтисод ва ҳам дар зиндагии рӯзмарраи пойтахти Русия. Барои ҳамин касе дар ин ҷо ҳузури онҳоро рад намекунад. Мо пешниҳод мекунем, ки кори онҳо то дараҷаи ҳадди аксар осонтар карда шавад ва зиндагӣ дар шаҳри мо осон шавад, то ки сокинони Русия низ бо дарки ин масъала ба ин мавзӯъ бархӯрд кунанд, муносибати бурдборона бо муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар дошта бошанд. Ин масъала ба назари ман танҳо ҳамдигарфаҳмиро осонтар мекунад."

НАЗАРИ КОРШИНОСИ ТОҶИК

Озодӣ:
То чӣ андоза ин пешниҳод барои муҳоҷирони тоҷик судманд аст ва оё он иҷро шуданист? Дар мусоҳибае бо Муҳаммади Эгамзод-таҳлилгари тоҷики муқими Маскав дар умури муҳоҷират аз ӯ дар бораи пешниҳоди “Справедливая Россия” пурсидем.

Муҳаммади Эгамзод
Муҳаммади Эгамзод: "То ҷое ин пешниҳоди ҳизби сиёсии Русия дуруст ҳам ҳаст. Аз ин пештар ҳизби ҳоким “Единая Россия” низ чунин пешниҳодро матраҳ карда буд, ки дар Русия бояд масъалаҳои муҳоҷирати кории шаҳрвандони хориҷӣ ба низом дароварда шавад. Сиёсати муҳоҷиратии ҳукумати Тоҷикистон низ бо ин нукот ба як дараҷа тавъам хоҳад омад. Ахиран, вақте ки раҳбари Хадамоти муҳоҷиратии Тоҷикистон Сафиаллоҳ Девонаев дар Маскав бо ҳамватанон мулоқот дошт, ин чиз матраҳ шуда буд. Фикр мекунам, ки ин ҳам ба нафъи Тоҷикистон ва ҳам ба нафъи Русия хоҳад буд, агар сухан дар бораи муҳоҷирони кории кишвари мо бошад. Русияи кунунӣ Русияи солҳои 90-ум нест."

"КОРЕ, КИ 10 СОЛИ ПЕШ АНҶОМ МЕШУД..."

Озодӣ: Бубинед ҷаноби Эгамзод, агар муҳоҷирони кории тоҷик забони русӣ ва таърихи Русияро биомӯзанд, фикр намекунед, ки барои худи онҳо беҳтар хоҳад буд, то дар ҷомеаи Русия аз ҳолатҳои мушкили равонӣ берун оянд ва бо ҷомеаи кишвари мизбон, яъне Русия зудтар унс бигиранд?

Муҳаммади Эгамзод: "Чаро не? Фикр мекунам, ки ин корро худи мо тоҷикон бояд даҳ сол пеш мекардем. Муттаассифона, бо вуҷуди он ки сари ин мавзӯъ баҳсу мунозираҳо зиёд буданд, ба ин масъала таваҷҷӯҳи хос дода нашуд. Мо ба шумори муҳоҷирони корие, ки ба ин ҷо меоянд, аҳамият додем, вале ба сифат аҳамият дода нашуд. Русҳо мегӯянд, “Шумора бо сифат бояд муттаносиб бошад.” Солҳои ахир, ба хусус, баъд аз инқилоби Қирғизистон, ки сафи муҳоҷирони қирғиз дар Русия якбора афзуд, мо ин чизро ба таври рӯшан эҳсос кардем, ки чӣ тавр муҳоҷирони кории Қирғизистон бисёр роҳат ҷой ва мақомҳое, ки барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, бахусус барои муҳоҷирони тоҷикистонӣ муфид буд, гирифтанд."

ҚИРҒИЗҲОИ ҶОИ ТОҶИКОНРО МЕГИРАНД?

Озодӣ: Масалан, бартарии онҳо дар чӣ буд, ки онҳо зуд барои худ мавқеъ пайдо карданд?

Муҳаммади Эгамзод: "Бартарӣ он буд, ки қирғизҳо аслан нисбат ба мардуми тоҷик бо русҳо иртиботи бештар доранд. Забони русиро бештари онҳо хуб баладанд. Аз фарҳанги мардуми аврупоӣ, ба вижа аз фарҳанги мардуми рус низ ба хубӣ огаҳ ҳастанд. Мо бо чашми худ дидем, ки дар кӯтоҳтарин муддат чавонону духтарони қирғизистонӣ, ки ба Русия чун муҳоҷири корӣ омадаанд, дар ҷомеаи Русия мавқеъ ва ҷои худро гирифтанд. Имрӯз ба ҳар ҷое, ки меравед, бахусус дар бахши хидматрасонӣ, дар тарабхонаҳо, дар ошхонаҳо, дар дигар ҷойҳое, ки хидматрасонӣ вогузор шудааст, аслан қирғизистониҳо хидмат мекунанд. Бо либоси тозаву озода, бо забони буррои русӣ бо мизоҷон ҳамсӯҳбат мешаванд. Ин, албатта, барои кордиҳанда ҳам муфид аст. Ҳатто рӯбучини хонаҳоро низ, ки дар гузашта кори тоҷикон буд ва тоҷикон аслан машғул буданд, имрӯз қирғизҳо бисёр роҳат ба ин арса ворид шуданд. Мо мебинем, ки онҳо дар дигар соҳаҳои ҷомеаи Русия низ ҳамчун муҳоҷири корӣ ҷои худро меёбанд. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки ин пешниҳод пешниҳоди ҷолиб аст ва сари ин мавзӯъ бояд ҷиддӣ андеша шавад. Воқеан, муҳоҷири корие, ки забони русиро хуб медонад, бо фарҳанги рус ошност, агар ин ҷо оянд, ҳеҷ гоҳ ба мушкил рӯ ба рӯ нахоҳад шуд. Сатҳи дониши забони русӣ, муҳоҷири тоҷикро аз ҳар гуна қонуншиканиҳо раҳо месозад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG